Башор Асад боз довталаби курсии президентӣ шуд: ӯ номзадияшро пешниҳод кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Башор Асад ҳамакнун маротибаи саввум барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Роҳбари Сурия, Башор Асад ин навбат ҳам дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок мекунад, менависад хабаргузории САНА.
Манбаъ аз қавли Ҳаммуда Саббаҳ, роҳбари Шурои халқӣ менависад, ки интихоботи президентӣ дар Сурия рӯзи 26 май доир мешавад ва Башор Асад аллакай номзадии худро пешбарӣ намудааст.
"Башор Асад шашумин номзаде шуд, ки барои иштирок дар интихоботи президентӣ ариза додааст", - афзудааст Саббаҳ.
Сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 19 апрел оғоз ёфт ва аллакай шаш номзад бо шумули як зан ариза пешниҳод карданд. Номзадҳое, ки дар овоздиҳии ояндаи парлумонӣ ҳадди аққал 35 раъйи вакилонро ба даст меоранд, метавонанд дар сабқати президентӣ ширкат варзанд.
Башор Асад бори нахуст моҳи июни соли 2000 кишвардори Сурия шуд. Он замон ӯ падари худ Ҳафиз Асадро иваз карда буд.
Зимнан, соли 2014 Асад бо касби 88,7 дарсади орои мардум барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала