Куштори одам барои дашноми саг - “Ҷесика” дар Душанбе

© Pixabay / grandСобака, архивное фото
Собака, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Додситонии кулли Тоҷикистон баъди қариб ду сол аз ҷазо гирифтани шаҳрванд Ҳикматулло Мақсудов хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба иттилои додситонӣ, Мақсудов барои дашном додани саги шаҳрванд Азамат Набиҷонов кушта шудааст.
Додситонии шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Набиджанов Азамат, ки танҳо мезистааст, аввали соли 2019 аз “Зоомагазин”-и пойтахт, барои худ саг харида, номашро “Ҷесика” гузоштааст.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Маҳви 400 саг дар Хуҷанд: раиси нав ҳам гуфт, паноҳгоҳ месозанд, аммо намедонад кай
Манбаъ афзуд, рӯзи 19 июли соли 2019 Набиҷонов, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, ҳангоми сайругашт дар кӯчаи Алишер Навоӣ сагаш “Ҷесика”-ро аз занҷирааш кушодааст.
Тафтишот мегӯяд, он рӯз шаҳрванд Мақсудов Ҳикматулло низ дар он ҳудуд дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ба сӯи саг санг партофта, дашном додааст.
“Набиҷонов аз ин рафтори Мақсудов ба ғазаб омада, бо мақсади куштор занҷири дар дасташ печонидаро мушт карда, якчанд маротиба ба сару рӯйи Мақсудов задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат мерасад”, - иттилоъ дод додситонӣ.
Додситонӣ афзуд, ки соли равон додгоҳи ноҳияи Сино Набиҷоновро дар куштор гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст. Амммо тафсилоти ҷазои маҳкумшуда ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала