Кадом моҳ таваллуд шудаӣ ва чӣ беморӣ хоҳӣ дошт? Мясников вобастагиро гуфт

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Барои ҳар моҳ беморие мувофиқат мекунад: Мясников аз таҳқиқоти ҳайратангез гуфт
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Моҳи таваллуд барои гирифторӣ ба баъзе бемориҳо таъсир мерасонад. Дар ин бора пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт.
Ба гуфти ӯ, чунин хулосаи ғайриоддӣ аз маълумоти таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Колумбияи Иёлоти Муттаҳида, ки онҳо бо ширкати 1,5 миллион нафар гузаронидаанд, бармеояд.
Мутахассисон робитаи байни моҳи таваллуд ва бемориҳояшонро муайян карданд.
Ба қавли Мясников, ин таҳқиқот ба генетика рабт надоранд, балки як далели оморӣ мебошанд.
Ровии телевизион қайд кард, ки онҳое, ки моҳи январ таваллуд шудаанд, аксар вақт гирифтори фишорбаландӣ ва бемориҳои дил мебошанд.
Женщина и мужчина спят в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Мясников 6 одатро ном бурд, ки боиси бехобӣ мешаванд
Онҳое, ки моҳи феврал таваллуд шудаанд, бо системаи нафаскашӣ мушкилот доранд.
Тадқиқот нишон дод, онҳое, ки моҳи март таваллуд шудаанд, ба бемориҳои қалб ва аритмия дучор мешаванд ва зодагони моҳи апрел ба бемориҳои рагҳои хунгард гирифтор мешаванд.
Одамоне, ки моҳи май таваллуд шудаанд, вазнашон хеле кам мешавад. Мясников таъкид кард, онҳое, ки моҳи июн таваллуд шудаанд, аз сактаи қалб азият мекашанд.
Онҳое, ки моҳи июл таваллуд шудаанд, гирифтори фишорбаландӣ ва бемориҳои роҳи пешоб ва зодагони моҳи август ба бемориҳои роҳи нафас гирифтор мешаванд.
Рождественская продовольственная ярмарка во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Олимон нӯшокиеро муайян карданд, ки фишори хунро паст мекунад
Онҳое, ки моҳи сентябр таваллуд шудаанд, аз мушкилот бо рӯдаи меъда азият мекашанд. Аз ин сабаб, онҳо аксар вақт дилбеҳузурӣ доранду қай мекунанд. Онҳое, ки моҳи октябр таваллуд шудаанд, бештар ба сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ва шамолкашию зуком гирифтор мешаванд.
Ба гуфти Мясников, мушкилоти аслии зодагони моҳи ноябр бемориҳои ишемияи дил, аритмия ва саратони шуш мебошанд. Онҳое, ки моҳи декабр таваллуд шудаанд, ба зарбу лат ва ҷароҳатҳо дучор мешаванд, - хулоса кард Мясников.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала