Пешниҳоди муфтии Маскав: муҳоҷирон алайҳи коронавирус эм шаванд

Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Дар мадҳ бояд муҳоҷироне, ки бо мардум кор мекунанд, эм гиранд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Роҳбари Маҷлиси Рӯҳонии Мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов ба муҳоҷирон пешниҳод намудааст, ки алайҳи вируси COVID ҳатман ваксин гиранд.
Ба таъкиди ӯ, дар робита бо беҳ шудани вазъи коронавирус дар Русия, барқарор кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мантиқӣ аст.
"Мо муҳоҷиронро даъват мекунем, ки эм кунанд - ҳам онҳое, ки меоянд ва ҳам онҳое, ки аллакай дар Русия ҳастанд. Барои эмгузаронии муҳоҷирони қонунӣ дар Русия ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад", - гуфт Крганов дар муколама бо РИА Новости.
Ба гуфтаи муфтӣ, пеш аз ҳама он муҳоҷирон, ки бо мардум тамоси зиёд доранд: ронандагони таксӣ ва хаткашонҳо бояд ваксина бигиранд.
Иностранные туристы на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Путин шарти вуруди хориҷиён ба Русияро гуфт
Дар аввали моҳи апрел Ситоди мубориза бо паҳншавии коронавирус гуфта буд, ки Русия ҳоло корфармоёнро барои эмгирии муҳоҷирон муваззаф накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала