Полис дар Колумбуси Амрико духтари 16 - солаи сиёҳпӯстро паронд - навор

© AP / Jay LaPreteНа месте происшествия в городе Колумбус (Огайо), полицейский застрелил 16-летнюю афроамериканку Макайю Брайант
На месте происшествия в городе Колумбус (Огайо), полицейский застрелил 16-летнюю афроамериканку Макайю Брайант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Дар робита ба қатли ноболиғи сиёҳпӯст назди идораи пулис дар ин минтақа шаҳрвандони норизо ҷамъ омадаанд
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Полис як духтари сиёҳпӯсти 16-соларо дар Колумбуси иёлоти Огайо кушт. Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш, эътирозгарон назди бинои полиси шаҳр гирд омадаанд ва тақозои ҷазо гирифтани дастандаркори ин ҷиноятро доранд, менависад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ҳодиса пас аз он рух дод, ки соати 23:30 дақиқа ба идораи пулис занг ворид шуд ва милиса барои ҳал кардани нофаҳмӣ, ба ҷойи ҳодиса рафт.
Бар асоси наворе, ки дар дастгоҳи хурди сабт, ки дар дасти корманди пулис насб будааст, маълум аст, ки духтар замоне тир хӯрд, вақте бо корд ба нафари дигар ҳамла кард.
Дар ин роста пулис сӯи ҳамлагар тир кушод ва Макая Брайант аз ҷароҳати бардошта дар беморхона ҷон бохт.
Мири Колумб Эндрю Гинтер дар Твиттер гуфт, ки "рӯзи сешанбе дар шаҳр як духтари ҷавон ба таври фоҷиабор ҷон бохтааст", аммо ӯ ҳеҷ тафсилот надод.
"Ман аз сокинон хоҳиш мекунам, ки ором бошанд ва ба Бюрои тафтишот иҷозат диҳанд, ки далелҳо ҷамъ оваранд" навиштааст ӯ.
Аммо, бино ба гузориши 10TV, издиҳоми эътирозгарон дар назди шӯъбаи пулис торафт бештар шуда истодааст.
Ин ҳодиса тақрибан дар ҳамон вақте рух дод, ки ҳукми пулисе, ки Ҷорҷ Флойдро буғӣ карда кушт, эълон шуд.
Бар асоси қарори суд, пулис дар қатли марди сиёҳпӯст гунаҳкор дониста мешавад ва ба ӯ то 40 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала