Путин ба иғво аз Ғарб: ҷавоб сахт хоҳад буд, пушаймон мешавед - видео

Президенти Русия дар паёми худ ба Маҷлиси Федералӣ ба мавзӯи муносибатҳои байналмилалӣ дахл кард
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар суханронии худ дар Маҷлиси Федералӣ вазъи сиёсати хориҷиро шарҳ дода, ба шарикони хориҷӣ, ки дар сиёсат марзҳоро убур мекунанд, як навъ огоҳӣ дод.
"Мо воқеан намехоҳем пулҳоро сӯзонем. Аммо агар касе ниятҳои неки моро ҳамчун бетафовутӣ ё сустӣ фаҳмад ва ният дорад, ки ин пулҳоро сӯзонад ва ё ҳатто тарконад, пас бояд бидонад, ки посухи Русия асимметрӣ, зуд ва сахт хоҳад буд", - гуфт президент.
Путин афзуд, иғвогароне, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд, "аз кардаашон пушаймон хоҳанд шуд, ки дер боз чунин пушаймон нашудаанд".
Сардори давлат ҳамлаҳо ба Русияро бо як намуди варзиш муқоиса кард, ки дар он ҳарчи бештар фарёди баланд задан лозим аст. Ҳамзамон, тавре ки Путин қайд кард, Русия дар арсаи сиёсӣ бениҳоят хоксор аст ва на танҳо ба ҳамлаҳо, балки ба дағалии рӯирост низ посух намедиҳад.
"Мо дар ин муҳит рафтори хоксорона дорем, ҳатто аксар вақт на танҳо ба амалҳои ғайридӯстона, балки ба дағалии рӯирост ҳам посух намедиҳем", - шарҳ дод раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки 21 апрел президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ дар бораи вазъи кишвар, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат паём ирсол намуд.
Ин маросим дар толори марказии намоишгоҳи Манеж баргузор шуд. Бори нахуст Владимир Путин аввали соли 2000 дар Маҷлиси Федералӣ суханронӣ карда буд. Дарозтарин баромади ӯ соли 2018 ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала