Путин: Русия доим мавқеашро ҳимоя мекунад

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодное послание президента РФ Федеральному Собранию
Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Президент Владимир Путин таъкид кард, ки Русия ҳамеша сулҳ ва амнияти шаҳрвандонашро таъмин хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Русия манофеи худро дар чорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард, гуфт президент Владимир Путин ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Федералӣ.
Путин таъкид кард, ки Русия ҳамеша сулҳ ва амнияти шаҳрвандонашро таъмин хоҳад кард.
"Русия ҳамеша роҳи муҳофизати мавқеи худро дар назди он кишварҳое, ки мағрурона тамос мегиранд, меёбад", - гуфт кишвардор.
Вай қайд кард, ки як қатор кишварҳои Ғарб пайваста бесабаб ба Русия "часпида" истодаанд.
"Ин як навъи нави варзиш шудааст", - гуфт президент бо ғазаб.
Ӯ афзуд, ки Русия бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла бо давлатҳои Урупо дар асоси эҳтироми тарафайн робитаҳо бунёд мекунад.
Иностранные туристы на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Путин шарти вуруди хориҷиён ба Русияро гуфт
Ёдрас мешавем ки 21 апрел президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ паём ирсол кард. Маросим дар толори марказии намоишгоҳи Манеж ҷараён гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала