Путин: Русия рафтори хоксорона дорад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин , архивное фото
Президент РФ Владимир Путин , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Путин мегӯяд, рафтори Русия дар муқоиса бо дигар давлатҳо хоксорона аст
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Владимир Путин зимни ироаи паём ба Маҷлиси Федеролӣ гуфт, рафтори Русия дар қиёс бо дигар давлатҳо хоксорона аст.
"Мо дар ин муҳит рафтори хоксорона дорем, ҳатто аксар вақт на танҳо ба амалҳои ғайридӯстона, балки ба дағалии рӯирост ҳам посух намедиҳем", - шарҳ додааст раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки 21 апрел президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ дар бораи вазъи кишвар, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат паём ирсол намуд.
Ин маросим дар толори марказии намоишгоҳи Манеж баргузор шуд. Бори нахуст Владимир Путин аввал соли 2000 дар Маҷлиси Федералӣ суханронӣ карда буд. Дарозтарин баромади ӯ соли 2018 буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала