Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст ва ҳоло дар баррасии суд қарор дорад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як зан хабар медиҳад, ки дар фурӯши қитъаи замин муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари котиботи ин ниҳод, боздоштшуда Ҳ.Ф буда, роҳбари Кооперативии тиҷоратии "Акбархӯҷа" дар ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон мебошад.
Номбурда моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулов 4 500 сомонӣ гирифта, тасарруф намудааст.
"Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифт
Гуфта мешавад, Роҳбари "Акбархӯҷа" ба муроҷиаткунанда бояд бар ивази маблағи гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии "Акобир" дар ноҳияи мазкур, 0,10 гектар қитъаи замин ҷудо мекард. Аммо ӯ маблағ гирифта, мушкили корафтодаро ҳал накардааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати Ҳ.Ф. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди "в, г" ва 3381 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи фурӯши ғайриқонуни замин маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала