Русия тасмим дорад бақайдгирии муҳоҷиронро осонтар кунад

© Sputnik Заседание
Заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, муҳоҷирони меҳнатӣ дар ояндаи наздик имкон доранд барасмиятдарории будубоши худро дар қаламави Русия тавассути сомонаи Госуслуги анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Валентина Казакова имрӯз дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон таъкид кард, ки Русия кушиш дорад тартиби пешниҳод ва бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия осон кунад.

“Мо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон кушиш дорем, ҳузури муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия роҳаттар бошад ва сабти иқомату барасмиятдарории онҳо низ осонтар шавад. Дар ояндаи наздик мо якчанд иқдом ҳам дар ин маврид анҷом хоҳем дод”, - гуфт хонум Казакова.

Вай ҳамчунин дар бораи беш аз 200 ҳазор муҳоҷирони тоҷике, ки имрӯзҳо дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд гуфт, ки онҳо то 30 июн метавонанд ҳузури худро дар қаламрави Русия қонунӣ гардонанд ва санадҳои худро дар Русия тамдид намоянд.
Амонзода и Казакова обсудили вопросы трудовой миграции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
“Дар давоми соли гузашта, ба муҳоҷирон барои қонунӣ намудни вазъи худ дар Русия кифоя буд, аммо ҳоло ҳам то 30 июн фурсат вуҷуд дорад. Ман бори дигар хоҳиш мекунам, ки муҳоҷирони тоҷик аз ин фурсат истифода намоянд ва ба мақомоти муҳоҷиат омада худро сабти ном кунанд ва барои фаъолият дар қаламрави Русия иҷозатнома бигиранд”, - зикр кард хонум Казакова.
Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамчунин илова кард, ки дар оянда раванди сабти иқомат ва гирифтани иҷозатномаҳо барои кор дар қаламрави Русия содатар хоҳад шуд.
“Гузариш ба портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (Госуслуги) ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро метавон дар шакли электронӣ пешниҳод кард. Дар оянда ҳамаи мушкилоте, ки имрӯз дар пеш истодаанд ҳалли худро пайдо хоҳанд кард”,- афзуд Валентина Казакова.
Лентаи хабарҳо
0