Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, кай созишномаҳои муҳоҷиратӣ ба имзо мерасанд

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Сафири Русия дар Тоҷикистон, умедвор аст, ки лоиҳаи тамоми созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро бо Тоҷикистон ба танзим медароранд, то охири сол ба имзо хоҳанд расид
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки аз раванди гуфтушунидҳои ҳайати Русия бо мақомоти Тоҷикистон қаноатманд аст.
“Ман дар гуфтушунидҳо давоми чанд рӯз иштирок доштам. Бояд гуфт, ки музокирот дар фазои созанда баргузор шуд. Ҳарду ҷониб талош карданд, ки ба як созиши созанда бирасанд”, - таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.
Сафири Русия дар Тоҷикистон қайд намуд, ки тайи чанд соли ахир мақомоти ҳарду кишвар чанд созишномаҳое, ки масоили муҳоҷироати меҳнатиро ба танзим медароранд, баррасӣ мекарданд, аммо ҳар ду кишвар натавонистанд ба тавофуқе бирасанд.
Заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Русия тасмим дорад бақайдгирии муҳоҷиронро осонтар кунад
Сафир боварӣ кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон дар ин музокирот барои ҳалли ин мушкилот иқдоми ҷиддӣ гузоштанд.

“Баъзе аз масоил ба коркарди иловагӣ ниёз дорад. Дар маҷмӯъ мо ба ҳамоҳангсозии бархе аз пешниҳодҳо муваффақ шудем. Як каме дигар кор кардан лозим аст. Фикр мекунам то охири соли равон ҳамаи шартномаҳо ба имзо мерасанд. Ин созишномаҳо ба Тоҷикистону Русия барои танзими раванди муҳоҷират кумак хоҳанд кард”.

Чрезвычайный и Полномочный Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов
Сафири Русия дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки дар сафариду рӯзаи ҳайати баландпояи мақомоти Русия ба Тоҷикистон ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштарак мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин, тарафҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши мувақаттии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд.
Амонзода и Казакова обсудили вопросы трудовой миграции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Ҳамзамон, дар ин дидор лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала