Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипосгузории Владимир Путин аз пизишкони Русия

© Sputnik / Михаил Метцель/POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Владимир Путин мегӯяд, Русия тавонист соли мушкилтаринро сазовор пушти сар кунад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Владимир Путин зимни ирсоли паём ба Маҷлиси Федералӣ суханашро аз ҳамагирии коронавирус оғоз кард ва аз пизишкон барои мубориза бо ин вабои аср изҳори сипос кард.
Президенти Русия гуфт, дар мубориза бо коронавирус тамоим мардуми Русия саҳми бузург дорад, вале муҳим аз ҳама саҳми пизишкон аст, ки дар хатти пеш қарор доштанд.
Ӯ гуфт, дар аввали ҳамагирӣ тамоми ҷаҳон бонги хатар мезад ва мегуфт мо бо як чизи номаълум сару кор дорем.
Вале Владимир Путин мегӯяд ӯ боварӣ дошт, ки Русия ин ваборо сазовор пушти сар мекунад.
"Имрӯз дар ин толор пизишкони зиёде бо мо қарор доранд. Ман ба ҳамаи онҳо сипоси бепоёни худро мерасонам", - гуфт президент.
Президент таъкид кард, ки коронавирус чун хатар барои аҳолӣ боқӣ мемонад.
Ӯ даъват кард, ки тамоми марзҳо бояд таҳти назорат гирифта шаванд, то паҳншавии коронавирус аз берун пешгирӣ карда шавад.
Президент ёдовар шуд, ки алъон дар Русия се навъи ваксина таҳия ва сабти ном шудааст ва аз мардум даъват кард, ки бо ваксинзанӣ таъхир накунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала