Таъйиноти кадрӣ: Қобилзода ҷойгузини Умарзода шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Бо фармони Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезия ахиран дар вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба ҷойи Ҷамшед Умарзода, Мухбира Қобилзода, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Дар ин бора манобеъ аз Кумитаи замини Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
“Тибқи қонун дар бораи хизматчии давлатӣ бояд давоми ҳар 5 сол ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсия гузаронида шавад. Ҷамшед Умарзода беш аз 5 сол дар ин вазифа кор кард”, - тавзеҳ дод манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, Умарзода ҳоло муовини аввали раиси Кумитаи замини вилояти Суғд таъйин шудааст.
Гуфта мешавад, фармони Хоҷазода дар мавриди раиси Кумитаи замин таъйин намудани Қобилзода дар мувофиқа бо раиси вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Мухбира Қобилзода, зимнан нахустин зани роҳбар дар Кумитаи заминсозӣ ба ҳисоб меравад. То омаданаш ба мансаби нав, ӯ дар моҳи ноябри соли 2020, раиси Кумитаи замини шаҳри Хуҷанд таъйин шуда буд.
Мавсуф дар гузашта минҳайси муовини раиси Идораи замини Суғд фаъолият кардааст.
Лентаи хабарҳо
0