Мардуми Тоҷикистон забондон мешаванд? Имомзода ба Тарран ду мушкилоти забономӯзиро гуфт

© Вазорати маорифи ҶТМулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон бо сафири Фаронса
Мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон бо сафири Фаронса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Сафорати Тоҷикистон барои роҳандозии барномаҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон, дар интизори ризоияти расмии Вазорати маориф аст
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ду мушкили омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистонро гуфт.
Фаронса мехоҳад дар Тоҷикистон омӯзиши забони фаронсавиро густариш диҳад.
Ин масъаларо вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, Имомзода иброз доштааст, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони фаронсавӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва феълан дар 200 муассисаи таълимии зинаҳои гуногун, дар доираи барномаҳои таълимӣ ба таълимгирандагон омӯзонида мешавад.
"Вазорати маориф ва илм омода аст, ки риштаи ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Сафорати Фаронса тақвият бахшад ва дар ин замина робитаҳои мустақими миёни донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистону Фаронсаро ба роҳ монад", - гуфтааст вазир.
Ӯ афзуда, ки мушкилоте, ки дар ин самт ҷой дорад, нарасидани адабиёти таълимӣ ва нисбатан кам будани омӯзгорон аст.
 Председатель Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Густариши ҳамкориҳои Фаронса ва Хатлон: омодасозии омӯзгорони забони фаронсавӣ ва содирот
Мишел Тарран дар навбати худ гуфтааст, сафорат аллакай бо барномаи қаблан омодашуда барои ин ҳадафҳо иқдом гирифтааст ва барои омӯзиши вазъият аз як қатор донишгоҳҳои кишвар ҳам дидан кардааст.
"Феълан барои дар амал татбиқ намудани нақшаву барномаҳои мавҷуда мунтазири ризоияти расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошанд", - гуфтааст сафир.
Мавсуф аз пешниҳодоти вазири маориф ва илми кишвар дар мавриди ба роҳ мондани робитаи бевоситаи донишгоҳҳои давлатҳо, тавсеаи доираи омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон, ҳалли масъалаи норасоии адабиёти таълимӣ ва таъмини кадрҳои баландихтисоси омӯзиши забони фаронсавӣ истиқбол намуда гуфтааст, ки барои мусоидат дар самти ҳалли ин масоил чораандешӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала