Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Агентӣ ба ширкатҳои ҳавонавардӣ: нархро паст накунед, чораи қатъӣ мебинем

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Сухан аз чор ширкати ҳавонавардии Русия меравад, ки ба таври истисноӣ, шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи парвозҳои чартерӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон намояндагиҳои чор ширкати русӣ дар Тоҷикистонро барои нархҳои ҳангуфти чиптаҳои парвозҳои чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия ба ҷаласа хонд.
Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласа намояндагони чор ширкати ҳавонавардии Русия, прокуратураи нақлиёт, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ширкат карданд ва аз намояндагиҳои ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон қатъан дархост шуд, ки дар боло бурдани беасоси қимати чиптаҳои парвозҳои чартерӣ роҳ надиҳанд.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Афзоиши парвозҳо миёни Тошканду Душанбе: эълони вақт, тартиб ва талабот
“Мо дар гузашта ба онҳо огоҳӣ додем, мактуб фиристодем, ҳатто як ҷаласа ҳам гирифтем. Аммо ҳамоно сару садои зиёд ҳаст, ки ин ширкатҳо чиптаҳоро ба нархҳои тасаввурнашаванда, ғайривоқеӣ ва ғайри қобили қабул мефурӯшанд. Аз ин хотир, мо аз онҳо дархости қатъӣ кардем, ки барои поён бурдани қимати чиптаҳо чораи қатъӣ ҷӯянд ва беасос нархи чиптаро боло набаранд”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Икром Субҳонзода: “Чиптаҳо фурӯхта шудаанд, парвозҳои чартерӣ афзоиш меёбанд”
Сухан аз чор ширкати ҳавонавардии Русия - “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” меравад, ки ба таври истисноӣ, шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи парвозҳои чартерӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия интиқол медиҳанд.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳоло як чиптаи онҳо дар чиптафурӯшиҳои ин ширкатҳо то 10 ва дар “бозори сиёҳ” ё тариқи миёнаравҳо то 12 – 13 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Чунин қиматҳоро таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон ёд надошту надорад. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳо далел меоранд, ки парвозҳои онҳо яктарафа аст ва харҷи зиёд доранд, аммо ин даъвои онҳо сиҳат надорад.
“Мо ҳамаро ҳисобу китоб карда, дидем, ки нархҳои онҳо на фақат қобили қабул нест, балки беинсофии маҳз аст. Мо аз ширкатҳо тақозо кардем, ки қимати чиптаҳоро дар доираи арзиши аслӣ муайян намуда, ба болоравии беасоси он роҳ надиҳанд. Дар акси ҳол, мо маҷбур мешавем пайи чораҳои дигар шавем”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Тамоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз ҷониби чор ширкати русӣ ва ширкати тоҷикии “Сомон Эйр” анҷом дода мешавад.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ширкатҳо вазифадор шудаанд то 2 рӯзи дигар чораҳои қатъӣ андешанд, дар сурати поён набурдани арзиши чипта Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати парвозҳои минбаъдаи онҳо иқдом хоҳад кард.
Боинг-767 авиакомпании Uzbekistan Airways в аэропорту Домодедово. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
"Uzbekistan Airways" парвозҳо ба 9 кишварро коҳиш медиҳад
“Ҳамчунин онҳо муваззаф шуданд, ки арзиши чиптаи минималӣ ва максималии хатсайрҳои самти Русияро ҳармоҳа ба Агении авиатсияи гражданӣ ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод намоянд”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Парвозҳои чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия дар замони пандемия ба анъана даромад. Бо вуҷуди ин ки аз 1 апрел парвозҳои муназзам миёни ду кишвар ба роҳ монда шуд, теъдоди онҳо мушкилро ҳал намекунад.
Парвозҳои мунтазам ҳар ҳафта як маротиба аз Маскав ва як бори дигар аз Душанбе анҷом мешаванд, дар ҳоле ки дар замони қабл аз пандемия дар як рӯз то 12 парвоз миёни Тоҷикистону Русия анҷом мешуд.
Як далели ҳанӯз ҳам гарм мондани бозори парвозҳои чартерӣ, бо он вуҷуд ки як чиптааш ду баробари нархи чиптаи парвози мунтазам аст, ҳамин мебошад.

Барқароршавии парвозҳо ва мушкилии гаронии чиптаҳо

Ёдрас мешавем, парвозҳои муқаррарӣ байни Тоҷикистону Русия аз 1 апрел барқарор шуданд. Тоҷикистону Русия ба ду ширкат "Сомон Эйр" ва "Ютэйр" иҷозаи анҷом додани парвозҳои муқаррариро дод. Дар ҳамин ҳол, мушкилии гаронии чиптаҳо пешорӯи муҳоҷирон истоданд.
Пас аз эълони барқароршавии парвозҳо, нахустин суоле ки матраҳ мешуд, арзиши чиптаҳо буд. Билохира, рӯзи 31 март, пас аз 6 рӯзи эълони барқароркунии парвозҳо, маълум шуд, ки арзиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия чанд пул аст.
"Ютэйр" ва "Сомон Эйр", ки ҳуқуқи парвози муқаррариро гирифтанд, эълон карданд - арзиши чиптаи Душанбе-Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ, тақрибан 349 доллар ва аз Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ, 143 доллар. Аммо гуфта мешуд, феълан чиптаҳо ба фурӯш гузошта нашудаанд.
Худи ҳамон рӯз, 31 март баъд аз зӯҳр сокинони Душанбе дар назди дӯконҳои чиптафурӯшӣ рехтанд. Бино бар навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ, гӯё овозае паҳн шудааст, ки дар дӯкони чиптафурӯшӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар наздикии собиқ бозори маъруф ба "Зелёный" ба фурӯши чипта оғоз карданд.
Даҳҳо нафар дар назди ширкати ба номи "Агентии алоқаи ҳавоӣ", ки яке аз дӯконҳои асосии билетфурӯшист, ҷамъ омадаву навбат мепоиданд. Дар ҳоле ки чипта ба фурӯш гузошта нашуда буд.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2020
"Уралские авиалинии" низ аз се шаҳри Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Корбарони Фейсбук аз ҳамдигар пурсон мешуданд: "кӣ чипта харид?", "арзиши билет чанд будааст?"
Рӯзи 1 апрел, чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин савол посух додаанд. Ба гуфтаи онҳо, аз 4 ҳазор сомонӣ, то 4200 сомонӣ чипта ба парвози Душанбе-Маскав билет харидаанд.
Дар ҳамин ҳол, овозаҳое низ буданд, ки сокинон ба 7 ҳазор сомонӣ чипта харидорӣ карданд.
"Имрӯз дар таксӣ шоҳиди суҳбати ду нафар будам. Яке гуфт: "Арзон мешавад гуфтанд, ҳама Русиярав шуду нархҳо паст ки нашуданд. Се рӯз боз навбат меистам, билет ҳам 7500 сомонӣ шудаст". Рафиқаш дар ҷавоб гуфт: "Ту саросема шудӣ, ба ман мегуфтӣ ба нархи арзонтар ёфта медодам. Мо ба воситаи шиноҳсо бе навбат ба 5100 сомонӣ билет ёфтам... арзонтар". Ана таззоди зиндагӣ!", - менависад як корбари Фейсбук.
Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар мавриди парвозҳои чартерӣ, арзиши чиптаҳоро худи ширкатҳои анҷомдиҳандаи хатсайрҳо муайян мекунанд.

Киҳо метавонанд тариқи парвозҳои чартерӣ ба Русия паровоз кунанд?

Барои парвоз бо ин хатсайрҳо ба Русия бояд шаҳрвандони Тоҷикистон чанд асос дошта бошанд.
Аз ҷумла мутахассисони баландихтисос ва аъзои оилаи онҳо; иштирокчиёни Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрӣ ба Русия, шахсоне, ки аъзои оила (ҳамсар, волидайн, фарзандон, фарзандхондагон) шаҳрвандони Русия мебошанд, шаҳрвандоне, ки барои табобат сафар мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0