Бонки рушди АвруОсиё: Русия метавонад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак намояд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Коршиносони иқтисодӣ боварӣ доранд, ки беҳбудӣ дар иқтисоди Русия метавонад ба дигар кишварҳо таъсири мусбат расонад
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Рушди иқтисоди Русия ба пешравии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад. Дар ин бора таъкид дошт сариқтисодчии Бонки рушди АвруОсиё Евгений Винокуров зимни шарҳи паёми Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ.
"Русия шарики аслии тиҷорӣ барои кишварҳои Иттиҳодия мебошад. Ғайр аз ин, аксари пул ба Арманистон ва Қирғизистон, инчунин ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешавад. Дар ин робита афзоиши эҳтимолии рушди иқтисодии дарозмуддат дар Русия ба рушди иқтисодии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад".
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст
Коршинос таъкид кард, ки иқтисоди Русия миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бузургтарин ба ҳисоб меравад. Русия беш аз 85 дарсади ММД Иттиҳодияро ташкил медиҳад, ки дар он беш аз 75 дарсади аҳолии Иттиҳодия ба сар мебаранд.
Владимир Путин дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Федералӣ дар бораи рушди лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ сухан кард.
"Одатан афзоиши даромади шаҳрвандони на он қадар сарватманд ба истеъмоли онҳо таъсири шадидтар мерасонад, зеро қисми зиёди даромад ба ҷои сарфа харҷ мешавад. Мо пешгӯи мекунем, ки дар соли равон рушди ММД 3,3 дарсадро ташкил хоҳад дод", - гуфт Винокуров.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала