Лаҳзаҳои беҳтарини бозӣ: шикасти тими “Истиқлол” аз дастаи "Ал-Ҳилол" - видео

Обуна шудан
Бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 байни дастаҳои футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи “МРСООЛ Парк”- и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, дастаи “Истиқлол” дар бозии сеюм аз дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ шикаст хурд
Гуфта мешавад, ки дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи “Ал-Ҳилол” афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 39-ум бо голи задаи дифоъгар Алӣ Ал- Булайхӣ пешгом шуданд.
Лаҳзаҳои беҳтарини пирӯзии тими "Истиқлол" бар футболбозони Ӯзбекистон - навор
Аммо бо гузаштани 2 дақиқа Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи дастаи футболи “Истиқлол” — Ваҳдат Ҳаннонов таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипарӣ шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ голи дуюмашро ба дарвозаи Рустам Ятимов ба нишон расонида, натиҷаро 3:1 ба фоидаи дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ кард.
Дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал қарор гирифт.
Тими "Хуҷанд" дар садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе сабқати навбатиашро 25 апрел боз ба муқобили дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ доир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0