Бозори асъор: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он арзиши рубл каме боло рафта, доллар дар ҳоли сукут қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби як доллари амрикоӣ бошад, мисли нишондоди ду ҳафтаи гузашта 11,3200 сомонӣ бетағйир мондааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ нисбат ба рӯзи гузашта, ки 13,6316 буд, имрӯз каме поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13,5851 сомонӣ муқаррар шудааст.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Мушкилӣ бо асъори хориҷӣ: Бонки миллӣ ба бозори арз мудохила мекунад
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1470 - 0,1485 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1500 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1535 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала