Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов приехала на переговоры в Москву
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) шартҳои худро барои ҳузур дар музокироти сулҳи Истанбули Туркия эълом кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) шартҳои худро озодии зиндониён ва хориҷ шудани номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, итттилоъ додааст шабакаи “tolonews” Афғонистон.
“Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) пештар низ эълом карда буд то замоне, ки низомиёни амрикоӣ ва дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд, дар ҳеч музокироти сулҳе ширкат намекунанд.
Сухангӯи гурӯҳи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки расидан ба сулҳ бо ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон имконпазир нест ва ба ҳамин далел гурӯҳ нишасти Истамбули Туркияро таҳрим кардааст.
Глава политического совета движения Талибан , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Ҳушдори "Толибон" ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед
Муҳаммадумар Довудзӣ, намояндаи вижаи Раёсати Афғонистон дар умури Покистон ҳам бо ишора ба шартҳои "Толибон" гуфт, ки озодии ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бояд ба қабули оташбас аз тарафи ин гурӯҳ машрут шавад.
Нишасти музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати Кобул ва гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ қарор буд 24 апрел дар Истанбул баргузор шавад. Аммо нишаст ба иллати ширкат накардани "Толибон" ду бор ба таъхир афтодааст.
Лентаи хабарҳо
0