Ҳукми зиндони сарбозе, ки аз қисми низомӣ фирор карду даст ба дуздӣ зад

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Додгоҳи ҳарбӣ як сарбозро бо ҷурми фирор аз қисми низомӣ ва даст ба дуздӣ задан, ду сол равонаи зиндон кардааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ, хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа аскари қаторӣ Буракзода Кароматулло Неъматулло, ки қаблан ду маротиба бо ҳукмҳои судӣ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ гунаҳкор гардида буд, такроран даст ба ҷиноят зад.
Ба иттилои манбаъ, 31 октябри соли 2020 Буракзода К.Н., аз тарафи комиссияи тиббӣ даъватии ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойдошта сафарбар карда шудааст.
Ӯ 8 октябри соли 2020 бо мақсади саркашӣ намудан аз адои хизмати ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок худсарона маҳалли хизматро тарк намудааст.
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Эълони ҳукми Аҳтамов, ки аз хизмат саркашӣ кард: эҳтимоли ду соли зиндон
Манбаъ мегӯяд, 17 ноябри соли 2020 тахминан соати 11 -и рӯз бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ ба деҳаи Истиқлол 2-и ноҳияи Рӯдакӣ рафта, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро азназар гузаронидааст.
Гуфта мешавад, Буракзода аз баста будани дари яке аз хона истифода бурда, тавассути девори ҳавлӣ вориди он гашта, бо роҳи пинҳонӣ ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои "Самсунг", як адад соати дастии мардона, ду адад ангуштарини нуқрагини занона, як адад ангуштарини нуқрагини мардона, як ҷуфт гӯшвори занонаи бижутерий, як адад (кулон) сӯзанаки бижутерий ва 11 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намуда, аз дохили хона баромада, дар саҳни ҳавлӣ соҳиби хонаро дидааст.
“Соҳибхона, бо кумаки дигар ҳамсоягон Буракзода К.Н-ро дастгир намуда, ба кормандони милитсия супоридаанд”, - афзудааст манбаъ.
Прокуратура гуфтааст, бо ҳукми суди ҳарбӣ Буракзода К.Н. бо моддаҳои 375 қисми 1 ва 244 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала