Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оқохон

© КЧСПодписание Меморандума о взаимопонимании между КЧС и Агентством Ага Хана по Хабитат
Подписание Меморандума о взаимопонимании между КЧС и Агентством Ага Хана по Хабитат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Ахиран дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии Оқохон оид ба макони зист баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ёддошти тафоҳуме, ки ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.
Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад.
Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2020
Кӯмак дар мубориза бо КОВИД-19: сипоси генерал Назарзода ба намояндаи агентии Оқохон
Бинои мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сулаймон Исозода, муовини раиси КҲФ зимни ифтитоҳи ин бино гуфт, дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард ва ин боис хоҳад шуд, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.
Наҷиб Яминов, намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист иброз дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала