Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард

© пресс-служба НБТДжамолиддин Нуралиев, Первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана
Джамолиддин Нуралиев, Первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод то имрӯз дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намудаанд.
Айтен Рустамова барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
© Foto Бонки миллии ТоҷикистонМуовинии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷомолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
Муовинии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷомолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Муовинии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷомолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
Зимни мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии “Занҳо дар тиҷорат” маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, то бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад.
Муовини якуми Раиси БМТ бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур, таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин тариқ, ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, хостори фаъолмандии бештар ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала