КДАМ имомхатиби ноҳияи Шоҳмансурро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни "Салафия" боздошт кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксВерующий молится, архивное фото
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Яке аз боздоштшудаҳо сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми алоқамандӣ ба ҷараёни экстремистии “Салафия” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) панҷ нафарро боздошт кардааст.
Дар ин бора бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ дар шаҳри Ваҳдат ба АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ниҳод, бо гумони алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Додгоҳи Тоҷикистон муҳоҷири меҳнатиро барои тарғиби Салафия равонаи зиндон кард
Ин ниҳод гуфтааст, нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, яке аз боздоштшудаҳо имомхатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур гуфта мешавад.
Қаблан расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд.
Кумитаи дини кишвар бошад, дар асоси маълумоти мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштааст, ки боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Боздошти дубораи Эшони Сироҷиддин дар Тоҷикистон
Ин ниҳод аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала