Раҷаббой Аҳмадзода ба Фарғона сафар кард: тафсилот

© Foto Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Фарғона сафар кард
Раҷаббой Аҳмадзода ба Фарғона сафар кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Сафари раиси вилоят ва ҳайати расмии вилоят бо мақсади ширкат дар бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" ба шаҳрим Фарғона анҷом дода шуд.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят гузориш медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзодаро дар фурудгоҳи байналмилалии Фарғона муовини якуми ҳокими Фарғона Аваз Ӯринбоев, раиси шаҳри Фарғона Мирзоҳид Убайдуллоев ва дигар муттасадиён истиқбол гирифтанд.
"Ҳайати вилояти Суғд дар бизнес-форуми минтақавӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба рушди минтақаҳои наздисарҳадиро якҷо бо ҳайатҳои расмии вилояти Фарғона ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони навоҳии наздисарҳадӣ, масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ мекунанд.
Вилояти Фарғона яке аз минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон аст. Фарғона, Қӯқанд, Риштон яке аз шаҳрҳои бузурги вилояти мазкур ҳастанд.
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Дидори вазири хориҷаи Ӯзбекистон бо дабири иҷроии СИКА дар Тоҷикистон
Ҳамчунин вилояти Суғд ва Фарғонаро як канали муштарак - Фарғона мепайвандад, ки дарозии он 3 ё 5 километрро ташкил дода, 283 километри он дар Ӯзбекистон, 62 километраш дар Тоҷикистон ва 12 километраш дар Қирғизистон ҷорӣ мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қароқалпоқистон бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон конфронси онлайниро баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ, зиёда аз 25 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар ин ҳамоиш намояндагони ширкатҳои “КАМА”, “Нукус Дилиша”, “ТЕХНИК ГЛОБЕ”, “Ориент Технология”, Корхонаи воҳиди давлатии Текстилмаш, “БИСОТ”, “ПАНАЕВ ФАРМАҲО”, “TAMARA TEXTILE, ҶДММ”, “Арҳдея К”, “МЕБЕЛ ОРАЙИ” ва ғайра иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала