Дар се моҳ 500 соҳибкору 200 корхона иҷозатномаи фаъолияти худро бекор карданд

© Sputnik / Амир ИсаевПроизводство продукции на фабрике ООО "Дилпесанд"
Производство продукции на фабрике ООО Дилпесанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти 6 ҳазору 500 фаъоли бахши хусӯсӣ (соҳибкорон) ва 200 ширкат таи се моҳи нахусти имсол хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар бораи иллати бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти ин миқдор аз фаъолони бахши хусусӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон тавзеҳ дода нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Аз сӯи дигар ин ниҳод эълом кард, ки дар Тоҷикстон 651 ҳазор нафар дар бахши хусусӣ кор мекунанд.
Вазир: 146 коргоҳи нав ифтитоҳ шуду 181 корхона аз фаъолият монд
Аммо таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 308 нафар аз ин афрод ҳеҷ гуна фаъолияти иқтисодӣ надоштанд.
Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?
Ожонси амори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин муддат барои 115 ширкат дар шаҳри Душанбе, 62 ширкат дар вилояти Суғд, 34 ширкат дар вилояти Хатлон ва 13 ширкат дар ноҳияҳои марказии Тоҷикистон низ иҷозатномаи фаъолият содир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала