Тоҷикистону Русия душманро зери ҳадафи пуриқтидорашон гирифтанд - навор

Тамринҳои низомӣ дар Тоҷикистонро дар навор намоиш доданд: қӯшунҳо ба душмани шартӣ раҳм накардаанд - онҳо ба ҷониби душман замину ҳаво зарба задаанд
Дар тамрингоҳҳои Момирак ва Самбули машқҳои васеъмиқёси ҳарбӣ ташкил карда шуданд. Дар ин тамрин қисмҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат карданд.
Нерӯҳо вазифадор буданд, ки "душман" -ро дар шароити душвор, маҳз дар кӯҳҳо, нест кунанд. Бо мақсади нест кардани душман хизматчиёни ҳарбӣ намудҳои гуногуни техникаи махсусро истифода бурданд.
Старт совместных военных учений рф и таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Оғози тамриноти низомиёни Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон: видео
Дар наворе, ки аз ҷониби хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ пешниҳод шудааст, тирпарронӣ аз танкҳо ва чархболҳо нишон дода шудааст.
Хизматчиён душманро дареғ намедоштанд: аз замин ва аз ҳаво дар масофаҳои аз 100 то 5000 метр зарба зада, танкчиён ва артиллеристон бомуваффақият пай дар пай ба ҳадафҳо зарба мезаданд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои Русияву Тоҷикистон таҳти роҳбарии фармондеҳи нирӯҳои Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин аз 19 то 23 апрел дар полигонҳои Ҳарб-Майдон, Самбули ва Момирак баргузор мешаванд.
Дар онҳо зиёда аз 3,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва то 400 адад техника ба кор бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала