Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Транзити қулай: тоҷикистониён метавонанд аз тариқи кишвари сеюм вориди Русия шаванд

© Sputnik / Алексей МайшевПассажиры в Аэропорту
Пассажиры в Аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути парвозҳо аз кишвари сеюм ба Русия расанд
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Аз 1 апрел Русия парвозҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, ки баҳори соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.
Тибқи фармони сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки дар охири моҳи март ба имзо расид, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият ба кишвар ворид шавад.
Аз Душанбе ба Маскав танҳо тавассути ҳавопаймо рафтан мумкин аст, зеро сарҳадҳои заминӣ ҳанӯз ҳам бастаанд. Аммо, мусофирон метавонанд худашон интихоб кунанд, ки аз хатсайрҳои мустақим ё транзит истифода баранд.

Чӣ гуна аз Душанбе ба Маскав расидан мумкин аст?

То имрӯз, ду ширкати ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Маскав - "Сомон Эйр"-тоҷикӣ (рӯзҳои сешанбе) ва "ЮТэйр"-и Русия (рӯзҳои ҷумъа) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, барои шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо парвозҳои мустақим ба Русия, балки парвозҳои транзитӣ низ мавҷуданд.
Фармони Ҳукумати Русия дар ин бора аз 14 апрел расман нашр шудааст, ки ба як қатор кишварҳо иҷозаи вуруд аз кишвари сеюмро медиҳад
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Агентӣ ба ширкатҳои ҳавонавардӣ: нархро паст накунед, чораи қатъӣ мебинем
Аз ҷумла, мусофирон метавонанд аз хатсайрҳои Тошканд, Алмаато ва Дубай истифода баранд.
Қаблан, як роҳи дигар, тавассути Истамбул кушода шуда буд, аммо бинобар шиддат гирифтани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, Русия парвозҳоро то 1 июн қатъ кард. Аз ин рӯ, онҳое, ки мехоҳанд аз ин самт истифода кунанд, бояд ҳамаи хавфҳоро пешакӣ ба назар гиранд.

Барои вуруд ба Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд

Ҳатто онҳое, ки бо парвозҳои транзитӣ ба Русия мераванд, бояд қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя кунанд. Дар дохили ҳавопаймо ҳамаи мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯшак ба бар кунанд. Одамон бидуни ташхиси манфии тест барои коронавирус ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Транзит аз Тоҷикистон ба Русия чӣ қадар арзиш дорад?

Арзонтарин парвоз аз Душанбе ба Маскав бо иртибот бо Дубай аст. Мусофир бояд ҳамагӣ 8216 сомонӣ ё тақрибан 726 доллар пардохт кунад.
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Вуруд ба Русия: шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд
Парвоз ба пойтахти Русия тавассути Алмаато ду баробар гаронтар хоҳад буд: тамоми сафар ба мусофир 17880 сомонӣ ё тақрибан 1580 долларро ташкил медиҳад.
Тақрибан ҳамин арзиш ҳангоми парвоз бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Маскав (17786 сомонӣ ё беш аз 1570 доллар) хоҳад буд.
Гуфта мешавад, нархи парвозҳои транзитӣ аз Тоҷикистон ба Русия то охири моҳи апрел боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон, мусофирон ҳангоми хариди чиптаҳо бояд вақти пайвастшавии самтҳоро дар кассаҳои ҳавопаймо тафтиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала