Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст

© AP / OSMAN ORSALФлаги Турции и ЕС в Стамбуле, архивное фото
Флаги Турции и ЕС в Стамбуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Ба шаҳрвандони Туркия муддати се рӯз баромадан аз хона манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Туркия дар ин се рӯз танҳо барои хариди ғизову дору ва ба ҳавохӯрӣ баровардани ҳайвонҳои хонагӣ иҷозат доранду халос.
Чунин маҳдудият пас аз он ҷорӣ шуд, ки вазъи коронавирус дар ин кишвар торафт шадидтар гашт.
Вазорати умури дохилии Туркия мегӯяд, сокинони кишвар сар аз 23 апрел то якшанбеи 25 апрел ҳаққи бидуни зарурат аз манзил баромаданро надоранд.
Истисно танҳо барои хариди хӯрокворӣ, рафтан назди пизишкон ва ҳамчунин сайругашт додани сагҳо мебошад.
Boeing 737 авиакомпании Аэрофлот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо миёни Русия ва Туркия
Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар ҳолест, ки рӯзи 23 апрел дар Туркия Рӯзи истиқлолияти миллӣ аст.
Аммо ҳукумати Туркия барои ба эътидол овардани вазъ ҳамагуна маъракаҳои оммавиро манъ намуд.
Рӯзи гузашта теъдоди қурбониёни маризии коронавирус ба ҳади рекордӣ расид 362 мариз дар як рӯз ҷон аз даст доданд , ки ин рақам аз замони авҷи пандемия бесобиқа буд.
Илова бар ин, ҳамарӯза то 60 ҳазор мавориди нави коронаиврус сабт мешавад. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Туркия зиёда аз 4,4 миллион беморони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 36.975 нафар фавтидаанд.
Қаблан, Русия бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, сар аз 15 апрел то 1 июн равобити ҳавоӣ бо ин кишварро маҳдуд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала