Хонаатро фурӯш ба занӣ мегирам: Охунҷон се "арӯс"-и ҷавонашро фиреб кард - видео

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузаштан ба хазинаи аксМужчина и женщина в парке имени Тельмана в Ташкенте, 1978 год.
Мужчина и женщина в парке имени Тельмана в Ташкенте, 1978 год. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Ҷавон боз бо баҳонаи қарз маблағҳои калони бонувонро гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Милитсияи шаҳри Хуҷанд як нафар сокини ноҳияи Деваштич Ҷӯраев Охунҷонро бо гумони содир намудани якчанд ҷинояти қаллобӣ дастгир намуд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда бо истифода аз боварӣ бо роҳи фиреб ба ҷабрдидагон зарари махсусан калон ворид кардааст. Ассосан аз дасти ӯ занон ҷабр дидаанд.
"Дар асоси муроҷиати 3 нафар ҷабрдида дар шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбати шаҳрванд Ҷораев Охунҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич барои ҳаракатҳои мардумфиребӣ, фиреби бонувон тибқи талаботи қисми чори моддаи 247 кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид", - омадааст дар гузориши ВКД.
Манбаъ меафзояд, маҳз бо ваъдаи оиладор шудан гумонбаршаванда занонро фиреб кардааст.
"Аз соли 2020 Охунҷон бо занон шинос шудаву аз пайи ба даст овардани даромади муфт шудааст. Масъалан, зимни шиносоӣ бо бевазани 25-сола, ба боварии охирон даромада, манзили истиқоматиашро ба маблағи 258 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст", - таъкид мекунад дафтари матбуоти ВКД.
Шикояти зани 50 - сола ба пулис: пули ҳангуфт ба Рустам доду соҳиби хона нашуд
Ё ин ки аз духтари 19-сола, сокини ноҳияи Спитамен, ки муносибатҳои ошиқона доштанд, 14 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, то ҳанӯз бар нагардонидааст.
Ҳамин тавр, милисаи шаҳри Хуҷанд дар асоси аризаи се нафар - як сокини Хуҷанд ва ду сокини Спитамен, бо оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ Охунҷон Ҷӯраевро ба ҳабс гирифтааст.
Зарари молии расонидаи гумонбаршаванда ба се духтари ҷавон дар умум 273 ҳазор сомониро ташкил додаст.
Феълан тафтиши парванда идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала