Бонки миллӣ гаронтарин асъорро дар моҳи апрел нишон дод

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби асъори Аврупо тағйироти назарраси болоравии тайи як моҳи охирро нишон медиҳад.
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби евроро боло бурда, қурби як асъори хориҷии дигарро дар охири ҳафта муайян кард.
Ҳамин тариқ, як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13,66 сомонӣ боло рафт, дар ҳоле ки дар аввали ҳафтаи корӣ он тақрибан 13,56 сомонӣ нигоҳ дошта мешуд.
Ҳамзамон, ҳатто дар аввали моҳи апрел, ин асъори хориҷӣ дар кишвар барои як евро 13,29 сомонӣ арзиш дошт.
Мавриди зикр аст, ки танзимгари бозори арз қурбро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар дигар ташкилотҳои қарзии кишвар ва бонкҳо асъор метавонад якчанд сомонӣ болотар бошад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Дар мавриди қурби доллари амрикоӣ бошад, пас аз афзоиши ахир он нисбатан мӯътадил аст. Ҳоло як доллар 11,32 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори русӣ чанд ҳафта боз дар ҳоли "шинокунанда" қарор дорад ва имрӯз ҳазор рубл 148 сомонӣ арзиш дорад.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1495 - 0,1510сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1515 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Мушкилӣ бо асъори хориҷӣ: Бонки миллӣ ба бозори арз мудохила мекунад
Ёдовар мешавем, БМТ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин дар банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Риоя накардани ин талабҳо вайронкунии қонун ҳисобида шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0