Дар Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" сохта мешавад: он чӣ гуна хоҳад буд?

© Вазорати меъмории ТоҷикистонЛоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи "Баҳор" воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи Баҳор воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Тибқи нақша маҳаллаи "Баҳор" бояд яке аз мавзеъҳои замонавии шаҳри Душанбе гардад
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии "Баҳор" бунёд мегардад.
Бино ба гузориши Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳудуди ин шаҳрак биноҳои истиқоматӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд.
© Кумитаи меъмории ТоҷикистонЛоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи "Баҳор" воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи Баҳор воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи "Баҳор" воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
"Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраесати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД "Лоиҳакаш" омода шудааст" ,- омадааст дар хабарнома.
Сохтмони маҷмааи нав дар маркази Душанбе - акс
Бояд гуфт, нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.
© Кумитаи меъмори ТоҷикистонЛоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи "Баҳор" воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи Баҳор воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаи "Баҳор" воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Ногуфта намонад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи бартарафсоозии биноҳои фарсударо ба тасвиб расондааст.
Интизор меравад, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ тахриб гарданд. Анҷоми марҳила ба марҳилаи ин кор то соли 2025 дар назар мебошад.
Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе васеъ мешавад, вале ноҳияи нав таъсис намешавад
Шаҳрдорӣ мегӯяд, феълан сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳо, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо бар асоси нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0