Дина Саева бинобар таъқиби ҳамвандон шабакаҳои иҷтимоиро тарк кард

© Sputnik Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой
Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Ҳамвандон Дина Саеваро ба депрессия дучор карданд: ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабаби таъқиби шадид саҳифаҳои миллиондолларии худро ҳазф кард
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Блогери машҳуртарини Русия Дина Саева саҳифаҳои миллиондолларии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест кард. Сабаби ин иқдом таъқиби ҳамвандон будааст, ки кайҳо боз идома доштааст.
Аз сабаби нафрати корбарон, ситораи шабакаи иҷтимоӣ оромиро аз даст додааст: ӯ аз бехобӣ азият мекашидааст ва ба доруҳои зидди дипрессия одат кардааст.
Блогер родом из Таджикистана Дина Саева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
TikTok-блогер Дина Саева пас аз табобат ба Байкал рафт: акс
Дар паёми охирини худ ба муштариён Саева изҳор доштааст, ки намедонад чӣ гуна ва кай ӯ "ба чунин ҳолат расидааст".
Ягона роҳи қатъ кардани ин ҳама зӯроварӣ ва ҳамзамон ба даст овардани оромии рӯҳӣ ва барқарор кардани саломатӣ, ҳазф кардани аккаунтҳо дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Танҳо дар Instagram Саева ҳафт миллион ва дар TikTok беш аз 20 миллион обуначӣ дошт.
"Маро авзоъи кунуниям азият медиҳад. На танҳо рӯҳӣ, балки ҷисмонӣ", - гуфт блогер дар муроҷиатнома ба муштариён дар Instagram.
Блогер хоҳиш кард, ки ба ӯро дилбардорӣ накунанд, зеро вай "кӯдаки хурд нест".

"Ман намехоҳам аз худам гурезам. Вақти хотима додан аст. Ҳангоме ки ман меравам, маро чун Дин-Дончике, ки пончик ва нутеллаҳоро дӯст медорад, дар хотир гиред. Ман шуморо дӯст медорам!" - гуфтааст Саева.

Аммо, вай афзудааст, ки барои муддати дароз хайрухуш намекунад. Бояд қайд кард, ки аккаунти Саева дар TikTok -и ҳазф нашудааст, аммо ҳамаи видеоҳо дар он дастнорас аст.
Ёдовар мешавем, ки блогери 21-сола дар соли 2020 маъруфтарин блогери таъсиргузори русзабон шуд.
Лентаи хабарҳо
0