Голи Эҳсони Панҷшанбе дар мусобиқа барои Ҷоми Ӯзбекистон

© акс аз сомонаи ФФТЭҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик
Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик, дар ҳайати дастаи “Навбаҳор” – и Намангон дар мусобиқаи Ҷоми Ӯзбекистон гол зад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эҳсони Панҷшанбе, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки дар ҳайати дастаи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад, ба дарвозаи тими “Оқтепа” гол ворид намуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи аввали Ҷоми Ӯзбекистон дар гуруҳи “D” тими “Навбаҳор” бар “Оқтепа” бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Эҳсони Панҷшанбе дар ҳайати дастаи асосӣ вориди майдон шуда, дар дақиқаи 60-уми бозӣ аз нуктаи 11 – метрӣ тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Эҳсони Панҷшанбе, ки қаблан дар бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекарду соли 2018 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эълон шуд, соли гузашта бо як тими Ӯзбекистон созишнома баст.
Ансамбль Пои-Калон. Город Бухара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Пирӯзии наврасони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бухоро
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбии варзишияшро нимаи дуюми соли 2016 дар ҳайати бошгоҳи “Истиқлол” оғоз карда, тайи ин солҳо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми ҷумҳурӣ ва иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми КФО – 2017 шуд.
Ташаббускори ин иқдом тими ӯзбекистонӣ будааст, ки ба бошгоҳи “Истиқлол” барои гирифтани Эҳсони Панҷшанбе пешниҳод кардааст. Раёсати “Истиқлол”, ки қаҳрамони Тоҷикистон мебошад, барои ин гузариш розӣ шудааст.
Дар пайи анҷоми расмиёт, Эҳсони Панҷшанбе бо тими “Навбаҳор” созишнома баст, ки муҳлати амалаш то охири соли 2022 мебошад.
“Навбаҳор” дар радабандии тимҳои Ӯзбекистон шомили даҳгонаи аввал мебошад.
Лентаи хабарҳо
0