Эълони ҳукми сарбозе, ки худро касалии рӯҳӣ вонамуд кард: мехост аз хизмат озод шавад

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбозро бо ҷурми худро бемории рӯҳӣ вонамуд кардан, барои раҳоӣ аз хизмат ду сол равонаи зиндон кард.
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи ҳарбии пойтах, Маҳмадалиев Саидшоҳ, сокини ноҳияи Восеъ 27-октябри соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати адлия равона шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд кардааст.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Ҳукми зиндони сарбозе, ки аз қисми низомӣ фирор карду даст ба дуздӣ зад
“Бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши сахти хобашро гирифта дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад”, - афзудааст манбаъ.
Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистари шудааст.
“Мувофиқи хулосаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ №2049 Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад”, - гуфтааст манбаъ.
Ҳамин тариқ Додгоҳи ҳарбии пойтахт Маҳмадалиев Саидшоҳро бо моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Лентаи хабарҳо
0