Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Ҷонибдории Чурикова аз Манижа ва таронааш барои Евровидение - 2021: қавию фарқкунанда аст

© Sputnik / Нина ЗотинаТелеведущая Яна Чурикова
Телеведущая Яна Чурикова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Дар пасманзари шарҳҳои зиёди манфӣ дар бораи суруди Russian Woman, ки Манижа аз Русия дар Евровидение - 2021 пешниҳод мекунад, ровии телевизион Яна Чурикова таронаро дастгирӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Суруди Russian Woman - и Манижа, ки ӯ дар Евровидение - 2021 муаррифӣ хоҳад кард, 70% фарқ дорад аз сурудҳое, ки дигар иштирокчиёни озмун иҷро кардаанд, изҳор дошт да ин бора ровии телевизион Яна Чурикова.
Дар сӯҳбат бо Teleprogramma.pro, ҳунарпеша ба тарафдории тарона сухан гуфт. Ба гуфтаи Чурикова, "Зани рус" қавӣ ва фарқкунанда аст.
"Ман иқтидори суруди Russian Woman-ро мебинам, ин ба 70% -и он чизе, ки дар озмун аст, монанд нест", - гуфт ровии телевизион.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки Манижа аъло забони англисиро медонад ва аз муошират бо матбуоти хориҷӣ наметарсад.
"Боварӣ дорам, ки ҳадди аққал аз нуқтаи назари иртибот сазовори он хоҳад буд", - гуфт Чурикова.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа: яке аз иштирокчиёни озмуни Евровидение дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шуд
Аммо, ҳунарпеша шубҳа дошт, ки як зодаи Тоҷикистон метавонад ба финали Eurovision - 2021 роҳ ёбад. Ҳама айб, ба гуфтаи Чурикова, сари рақами сеюм дар нимфинал аст. "Аз рӯи омор, аз ин ҷо ба финал роҳхат камтар аст", - таъкид кард ровии телевизион.
Пештар маълум шуд, ки суруди Манижа Russian Woman ба ҷоизаи мӯътабари Евровидение пешбарӣ шудааст. Ҳакамон қайд карданд, ки матни трек ба мавзӯи муҳими стереотипҳо дар бораи занон дар Русия дахл карда, инчунин қуввати духтари русро тасвир мекунад.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад. Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Суруди Манижа ба ҷоизаи Eurostory Award пешбарӣ шуд
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Примадонна Алла Пугачева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рӯс" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Лентаи хабарҳо
0