Медали нуқраи духтарони волейболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ

© Национальный олимпийский комитет РТЖенская сборная Таджикистана по волейболу
Женская сборная Таджикистана по волейболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби бонувони то 17-солаи Тоҷикистон дар риштаи волейбол (U-17) дар Ӯзбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди волейбол миёни духтарони то 17-сола ба хотири чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова аз 19 то 23 апрел дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар мусобиқаи мазкур шаш даста – 4 даста аз Ӯзбекистон - “Олимп”, “Суғдиёна”, “Ҳумо” ва “Водӣ” ҳунарнамоӣ карданд. Дар баробари дастаҳои мизбон инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намудаанд.
Сабқати волейбол ба муносибати Рӯзи Модарон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Ғолибияти духтарони ВМКБ ва "команда" - и Раҳимзода дар сабқати волейбол - аксҳо
Бозиҳои ин сабқат тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат гирифтаанд.
Муҳиб Латипов, котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон, волейболбоздухтарони тоҷик 5 бозӣ анҷом доданд.
“Бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи “Олимп” ва ҷои сеюм насиби дастаи “Ҳумо” аз Ӯзбекистон шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки мусобиқаро намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё назорат карданд.
Вера Дуюнова, ки волейболбози машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, дар ҳайати собиқ ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико-1968 ва Мюнхен-1972 иштирок карда, сазовори медали тилло гардидааст.
Дуюнова 11 апрели соли 1945 дар Краснодар таваллуд шуда, 2 марти 2012 дар Тошканд дунёро падрӯд гуфт. Ӯ то соли 1964 дар тими “Динамо” ва аз 1965 то 1975 дар тимҳои “Спартак” ва “Автомобилист”-и Тошканд ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1968 – 1974 баромад намуда, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ – 1968, 1974, қаҳрамони ҷаҳон – 1970 ва барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон 1974 шудааст.
Лентаи хабарҳо
0