Пирӯзии наврасони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бухоро

CC BY-SA 2.0 / Fulvio Spada / Poi Kalon Ensemble, BukharaАнсамбль Пои-Калон. Город Бухара, архивное фото
Ансамбль Пои-Калон. Город Бухара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалии "MINORAI-KALON CUP", ки дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон баргузор мешавад, имсол бо пирӯзии наврасони тоҷикистонӣ анҷомид
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тими наврасон аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, дар шаҳри Бухорои ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи байналхалқӣ зери унвони "MINORAI-KALON CUP" гардиданд.
Дар ин мусобиқа наврасони футболбози соли таваллудашон 2008 иштирок намуданд, хабар дод сомонаи телевизиони Варзиш.
Дар ин мусобиқа футболбозони навраси шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии муррабии шоистаи Тоҷикистон - Асрор Шораҷабов ғолиб гаштаанд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Хоруғ мизбони сабқати даҳҳо тими футбол бо усули “деҳа ба деҳа”
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар бозии ниманиҳоӣ тими Истаравшан дастаи "Андиҷон"-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар бозии ҳалкунанда дастпарварони шаҳри Истаравшан тавонистанд бар дастаи Академияи футболи Хоразм бо ҳисоби 5:4 пас аз задани зарбаҳои ҷаримавии 11 - метрӣ пирӯз гардида, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардиданд.
Мусобиқаи байналмилалии "MINORAI-KALON CUP" солҳои қабл низ бо иштироки тими наврасони футболбоз аз кишварҳои минтақа баргузор мешуд. Дар мусобиқа баробари тимҳои мизбон инчунин дастаҳо аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0