Садамаи калон бо иштироки мошини сарвазири Русия дар назди Маскав - видео

Обуна шудан
Бар асоси иттилои расида дар наздикии шаҳри Маскав садами бузурги гуруҳи мошинҳо бо иштироки худрав аз кортежи сарвазири Русия рух додааст
Дар наздикии шаҳри Маскав садамаи калон бо иштироки шаш мошин рух дод.
Сонеҳаи нақлиётӣ дар қитъаи шоҳроҳи федералии A106 "Рублев-Успенск" ба вуқуъ пайвастааст.
Тибқи иттилои расмӣ, микроавтобуси Aurus Arsenal ба садама дучор шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, мошин ба кортежи сарвазири Русия Михаил Мишустин тааллуқ дорад.
Бар асоси маълумоти расида, дар садамаи гуруҳии мошинҳо як зан, ронандаи Volkswagen осеб дидааст. Тафсилоти ҷароҳаташ маълум нест, аммо ӯ бистарӣ шудан дар беморхонаро рад кардааст.
Лентаи хабарҳо
0