Тоҷикистон додани шиносномаро ба Табаров инкор кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МВД Республики Таджикистан
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Вазорати корҳои дохилии кишвар ва воҳидҳои он ба шаҳрванд Табаров шиноснома надодаанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон расман иттилои гӯё дода шудани шиносномаи тоҷикӣ ба як шаҳрванди хориҷӣ бо номи Табаров Руслан Ҳалимовичро рад кард.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо навиштанд, ки дар қазияи таркиш дар анбори силоҳ дар Чехия гӯё яке аз гумонбарони ҳодиса бо насаби Табаров шиносномаи тоҷикӣ дошт.
Шиносномаи хориҷӣ шаҳрванди ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2017
"Қудрати" шиносномаи тоҷикӣ ҷойи 73-умро ба даст овард
"Чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст", - тавзеҳ медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала