Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Пенджикент
Город Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сохтмони роҳи оҳани нав дар масири шаҳри “Панҷакент то ноҳияҳои Булунғур/Ҷамбойи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар, дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд.
Железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Азми Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан ба Афғонистон
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Хитой”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)-ро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид, афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала