Корманди “вазорат” боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд: хонандаи синфи 11 будааст

CC BY 2.0 / Alan Turkus / Scuffle in the Park 2Драка, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе баъди таҳқиқи наворе ду ноболиғро, ки худро корманди “вазорат” гуфтанд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби як нафар наврас бо дастпанҷа зарба задани марди дар курси хобидае инъикос ёфта, ки вокунишҳои зиёди манфии шаҳрвандонро ба миён овард.
Зимнан, корбарону истифодабаранадагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ин ҳолат мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати кирдори наврасон баҳои қонунӣ дода шавад.
Дар натиҷаи санҷиши навор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ду нафар ноболиғон, хонандагони синфи 11 яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт содир шудааст.
Гуфта мешавад, ҳар ду ноболиғ ва волидайнашон ба Раёсати ВКД дастрас карда шуданд.
“Зимни пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 12:40 дақиқа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бозори “Саховат” марди дар курси хобидаро дида, байни худ маслиҳат карда, ноболиғ А.М. тавассути дастпанҷа як маротиба ба рӯи мард маезанад ва муқоваи шиноснамаашро нишон дода, худро корманди “вазорат” муаррифӣ мекунад”, - афзудааст манбаъ.
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Долларҳои қалбакӣ мекарданд: ВКД ҷавону ноболиғро бо 7,8 ҳазор боздошт кард
Ин ҳолатро рафиқаш ноболиғ Р.Ш. ба навор гирифта, тариқи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, баъди пурра мавриди санҷиш қарор гирифтани навори мазкур бо назардошти он ки дар кирдори ноболиғон вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дида мешавад, нисбати волидайнашон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала