Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Мигел дар бораи нажодпарастӣ ва суруди Манижа: вақте шунидам, фиғон бардоштам

CC BY-SA 3.0 IGO / wikipedia / Российский хореограф Мигель
Российский хореограф Мигель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Обуна шудан
Мигел, раққоси рус аз эҳсосоташ баъди нахустин бор шунидани суруди Манижа, Russian Woman гуфт
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Раққос Мигел дар суҳбат бо нашрияи "Газета.ru" суруди Манижаро баррасӣ кард, ки Русияро дар Евровидение намояндагӣ мекунад.
Нахуст суҳбат аз мушкили нажодпарастӣ рафт, чун Мигел низ яке аз сиёҳпустони камшумори машҳур дар Русия мебошад.
"Мо чунин як кишваре бо халқиятҳои зиёд дорем, ки дар баъзе ҷумҳуриҳо нажодпарастӣ дар мавриди одамони сафедпӯст сурат мегирад, шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед. Дар кишвар нажодпарастӣ дорем ва чунин аст, ки он метавонад нисбати ҳамаи нажодҳо дар ин ҷо ҷой дошта бошад", - гуфт Мигел.
Ӯ қайд кард, ки баъзан танзи тунд дар бархе аз YouTube-шоуҳо ин мушкилро мекушояду аз канор нишон медиҳад.
Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ман зебо ҳастам": мусоҳибаи Манижа бо созмондиҳандагони Евровидение
Дар идома аз суруди Манижа барои Евровидение-2021 ва мушкилоте, ки дар он бардошта шудаанд, суҳбат сурат гирифтааст.
"Ин даҳшатовар нест, муқаррарӣ аст. Ин ҳолатест, ки дар он асосан мо ҳама зиндагӣ мекунем. Намедонам, чаро инро ҳама баррасӣ доранд. Шояд мо тавоноӣ ҳис кардем, ки метавонем ба чунин корҳои майда - чуйда машғул шавем", - изҳор дошт раққос.
Мигел гуфт, суруди Манижа дар вуҷудаш эҳсосоти боқувват ба вуҷуд овард.

"Албатт маъқул аст, ин суруд дар бораи модрам аст. Вақте бори аввал онро гӯш кардам, фиғон бардоштам. Ростӣ фиғон бардоштам. Ин ҳамаи ҳақиқат дар бораи зани рус аст. Зани танҳое, ки хесту ба пеш. Ин воқеият аст. Воқеият тавре маълум аст, на ҳамеша хушоянд мебошад", - таъкид намуд раққос.

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд. Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Лентаи хабарҳо
0