Эътироз: Раҷабов шикасташро эътироф намекунад - видео

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз қарори доварон, ки пирӯзиро ба рақибаш Алекс Мартинеси парагвайӣ додаанд, розӣ нест
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Лоиқ Раҷабов, ки тибқи баҳогузории шореҳон зӯрозмоӣ бар Алекс Мартинес бартарӣ дошт, аз қарори доварон дар мавриди мағлубияташ розӣ нест ва ба PFL (Professional fight league) -и ИМА эътироз овардааст.
Қарори доварон дар мавриди натиҷаи Раҷабов ва Мартинес якгуна набуд. Доварон натиҷаи сабқатро 28-29, 29-28,27-30 арзёбӣ кардаанд, ки ба фоидаи Мартинес буд. Размикори тоҷик ин қарорро мунсифона намедонад ва эътироз овардааст. Дар сурати бекор кардани мағлубият Раҷабов метавонад, сабқатро барои Ҷоми асосии ин лига идома диҳад, ки маблағи он як миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Азам Гафоров vs Чарльз Энрике - полный бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Норозигии мухлисон баъди эълони шикасти Ғаффоров ва ваъдаи президенти "Ахмат" - видео
Зӯрозмоии размикори тоҷик, дар лигаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL -и ИМА шаби 23 апрел баргузор шуда, дар ин дидор дар вазни сабук Алекс Мартинес аз Парагвай пирӯз эълон гардид.
Рақобат миёни варзишгарон давоми се даври муҳориба бошиддат гузашт. Варзишкори тоҷик дар ҳар се давр бо партобҳо ва ҳаракоту фишороварӣ афзалият дошт ва бисёрҳои ҳатто шореҳон ба эҳтимоли пирӯзияш ишора мекарданд. Аммо қарори доварон ба фоидаи рақиби Раҷабов буд.
Раҷабов бо лақаби "Jaguar Paw” ҳамакнун 13 ғалаба — 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL шашумин рақобаташро гузаронда, то ҳол , 2 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ ба даст овард.
Ҳарифи Раҷабов - Алекс Мартинеси 26-сола буд, ки шикаст надорад ва феълан 8 ғалаба дорад. Ин нахустин сабқати Мартинес дар PFL буд.
Қаблан Лоиқ Раҷабов, мебоист дар лигаи PFL бо размикори амрикоӣ Ҷонни Кейс 21 апрел зӯрозмоӣ мекард, аммо пеш аз рақобат маълум шуд, ки варзишкори амрикоӣ ҳабс шудааст ва ҷойи ӯро Мартинес гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала