Коронавирус нақшаҳоро тағйир дод: имсол танҳо 4 варзишгар Ҷоизаи президентро гирифтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарини соли 2020 тақдим карда шуд.
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли 2020 танҳо 4 варзишгар аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ меъёрҳоро барои ба даст овардани Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ иҷро карданд.
Ҳамин тариқ, гуштингирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё-2020 ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10000 ба мураббӣ) сарфароз гардиданд.
Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) шуданд.
Ёдрас менамоем, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 18-24 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд.
Греко-римская борьба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2020
Чор медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Ҳиндустон
Ин дар ҳолест, ки сли 2019 ин ҷоизаро 36 варзишгар (40 ҷоиза) аз рӯи 10 намуди варзиш гирифтанд.
Болотарин нишондиҳанда соли 2018 буд, ки он замон ҷоизаро 69 варзишгар (43 ҷоиза) аз рӯи 11 намуди варзиш ба даст оварданд
Бо сабаби пандемияи COVID-19 ва маҳдудият сафар ба хориҷа, аз моҳи марти соли 2020 тамоми мусобиқаҳо ё барҳам хурданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд, аз ҷумла Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки мебоист тобистони соли гузашта дар Токио баргузор мегашт, имсол аз 23 июл то 8 август доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, Ҷоизаи президент барои ҳавасмандгардонии варзишкорон соли 2015 таъсис шуда, то имрӯз ба 165 варзишгар ва мураббиёни онҳо дар ҳаҷми умумии 3 миллиону 942 ҳазору 500 сомонӣ тақдим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала