Шикасти Лоиқ Раҷабов аз ҳарифи парагваияш Алекс Мартинес - видео

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Обуна шудан
Размикори шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар набарди ахираш аз ҳарифи шикастнадидаи парагваияш шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Зӯрозмоии размикори тоҷик, дар лигаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL (Professional fight league) -и ИМА шаби гузашта доир гашт.
Ҳарифи Раҷабов дар ин дидор дар вазни сабук Алекс Мартинес аз Парагвай буд.
Рақобат миёни варзишгарон давоми се даври муҳориба бошиддат гузашт.
Варзишкори тоҷик дар ҳар се давр бо партобҳо ва ҳаракоту фишороварӣ афзалият дошт ва ҳамагон умедвор буданд, ки пирӯзӣ насиби ӯ мегардад.
Аммо дар поёни рақобат бо хулосаи доварон Лоиқ Раҷабов 27 имтиёз ва ҳарифаш Алекс Мартинес 30 имтиёз ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ варзишкори тоҷик бо се имтиёзи камтар рақобатро бохт.
Зӯрозмоии размикорон дар Ocean Casino Resort Atlantic City баргузор шуд ва гузориш аз он дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш гардидааст.
Варзишкори шинохтаи тоҷик бо лақаби "Jaguar Paw” ҳамакнун 13 ғалаба — 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL шашумин рақобаташро доир карда, 2 ғалаба — 3 бохт — 1 мусовӣ ба даст овард.
Ҳарифи Раҷабов Алекс Мартинеси 26-сола бошад, шикастнадида буда, ҳамакнун 8 ғалаба дорад ва дар PFL бори нахуст рақобат мекунад.
Қаблан Лоиқ Раҷабов, мебоист дар лигаи PFL бо размикори амрикоӣ Ҷонни Кейс 21 апрел зӯрозмоӣ мекард, аммо пеш аз рақобат маълум шуд, ки варзишкори амрикоӣ ҳабс шудааст.
Лентаи хабарҳо
0