Нарху бегонапарастӣ: мулоқоти ноибони раиси Душанбе бо роҳбарони бозорҳо дар идораи милиса

© Sputnik / Амир ИсаевМавсума Муини заместитель Рустама Эмомали, архивное фото
Мавсума Муини заместитель Рустама Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Намояндагони шаҳрдории Душанбе дар идораи милисаи пойтахт бо намояндагони соҳаи савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла раисони бозору тарабхонаҳо, ҷилавгирӣ аз афзоиши нарху мубориза бо фарҳанги бегонаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бо мақсади ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, мубориза бо фарҳанги бегона ва ҳамчунин гирифтани пеши роҳи гароншавии нархҳо, бо намояндагони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар идораи милисаи пойтахт мулоқот сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот муовинони раиси Душанбе - Муинӣ Мавсума, Умед Гуреззода ва сардори милисаи пойтахт, генерал-лейтенант Назарзода Шариф иштирок доштанд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки мушкили шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳалношуда боқӣ мондааст.
"Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин амалҳои ноҷоро маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
“Бойкот” – роҳи водоркунӣ ба арзонии нархҳо дар Тоҷикистон
Манбаъ таъкид кард, ки экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад.
"Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯйистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, муттасил амал менамоянд", - таъкид намудаст шаҳрдорӣ.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки ба кормандони бахши савдо дар мавриди омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо, напарастидани фарҳанги бегона, мубориза бар зидди тамоми унсурҳои бегона, гароншавии нарху наво, беинсофии тоифае аз савдогарону тоҷирон маслиҳатҳо дода шуданд.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ боло рафта, боиси норозигии бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала