Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтоёни дигар аз Осиёи Миёна

© AP / Jacquelyn MartinТони Блинкен. Архивное фото
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 бо вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ рӯзи 23 апрел баргузор гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар вохурӣ сухан карда, аз дурнамои рушди ҳамкориҳои гуфтааст.
“Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар минтақа, муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Нед Прайс, намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА, низ рӯзи 23 апрел дар брифингаш аз мулоқоти навбатии Блинкен бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.
Барои чӣ иёлоти муттаҳида дар назди толибон дар афғонистон бояд посух диҳанд? - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
ИМА Афғонистонро тарк мекунад?
“Котиби давлатӣ, Блинкен бо вазирони кишварҳои хориҷии ОМ раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон, барқароршавӣ баъди COVID-19 ва тағйироти иқлимро баррасӣ намуданд”, - изҳор дошт Прайс.
Манбаъ афзуд, ки Блинкен пойбандии ИМА-ро ба мустақилият ва дахлнопазирии ҳудудии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъкид намудааст. Инчунин котиботи давлатии ИМА дастгирӣ барои рушди соҳибкории занон дар минтақаро ваъда додааст.
Ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ аз зарурати ҷалби сармоя ва технологияҳои ИМА ба минтақа гуфтаанд.
Қолаби С5+1 низоми бисёрҷанбаи равобит миёни ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз соли 2015 инҷониб амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала