“Куяи помидор” ё тобамовирус? Хатари вируси нав ба кишоварзии Тоҷикистон

Выращивание помидоров в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вуруди як навъи тобамовирус бонги хатар заданд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, таҳқиқот сари мавҷудияти ин вирус шуруъ шудааст
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сулаймон Зиёзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз рӯи маълумоти ибтидоӣ, эҳтимолан сухан дар бораи вирусе меравад, ки кишоварзони маҳаллӣ онро “куяи помидор” меноманд ва илоҷи ҷилавгирии он вуҷуд дорад.
“Роҳи ҷилавгирии он маълум аст. Замин бояд саривақт бо дорувории зарурӣ коркард ва аз ин вирус тоза карда шавад. Аммо аввал бояд вазъиятро омӯзем ва маълум кунем, ки оё ҳамчунин вирус ҳаст ва то куҷо ин нигарониҳо ҷо доранд. Мо дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Академияи улум ва Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон вазъро омӯхта, дар ҳоли ҷо доштани мушкил иқдом мекунем ва тавсияҳои лозимиро ба кишоварзон хоҳем дод”, - гуфт Сулаймон Зиёзода.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Дар Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр шуд
Дар бораи эҳтимоли вуруди тобамовирус е вируси чиндори бурранги помидор (Tomato brown rugose fruit virus, ToBRFV) ба Тоҷикистон қаблан East Fruit, як портале, ки ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, мева, буттамева ва чормағз дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ ихтисос ёфтааст, рӯзи 23 апрел иттилоъ додааст.

Шурӯъ аз Фарғона

Аввалин тобамовируси помидор моҳи ноябри соли гузашта дар дастае аз маҳсулоти арзашуда аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба бозори Русия шиносоӣ шуд ва моҳи декабр Росселхознадзор, идораи назорати маҳсулоти кишоварзии Русия воридоти меваву сабзавотро аз Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Туркия манъ кард.
Ҳамчунин дар поёни моҳи марти соли равон, Қазоқистон аз боздошти ҳудуди 50 дастаи помидор аз Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Туркия хабар дод ва ба далели ошкор шудани вируси чиндори бурранги помидор воридоти сабзавотро ба кишвар мамнуъ эълон кард.
Сбор лимонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2020
Чӣ гуна кишоварзони тоҷик лимӯ мепарваранд? - видео
Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба хориҷ помидор содир намекунад, зеро ин навъи сабзавот асосан дар гулхонаҳо парвариш меёбад ва фақат ба пӯшидани талаботи дохилӣ равона шудааст.
“Мо ҳанӯз маҳсулоти кофие дар ихтиёр надорем, ки помидорро аз ҳисоби гулхонаҳо ба хориҷ содир кунем”, - гуфт Сулаймон Зиёзода.

Ҳама гап дар Покистон

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа коршиносони East Fruit тахмин задаанд, ки тубамовирус ба Тоҷикистон низ нуфуз кардааст ва далел ҳам ин аст, ки қимати помидори гулхонаӣ дар кишвар имрӯзҳо дар ҳудуди 2 доллари амрикоӣ қарор дорад, дар ҳоле ки зимистон нархҳо як баробар арзон буданд.
Амриддин Саидов, як тоҷири помидор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели боло рафтани нархи помидор дар рӯзҳои ахир қатъ шудани воридоти он аз Покистон ва вобастагии пурра аз воридоти Ӯзбекистон аст.

“Дар Ҳисору Регар низ помидори гулхонаӣ тавлид мешавад, аммо дар ҳадде, ки ҳатто талаботи худи ин манотиқро бароварда намекунад. Ҷойи дигар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки вазъ ба ҳамин минвол аст. Ҳоло помидор фақат аз гулхонаҳои Ӯзбекистон ворид мешавад ва сабаби гаронии нарх ҳам ҳамин аст”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, помидори ӯзбекӣ умдатан аз вилояти Самарқанд ворид мешавад ва то ба ҳол ҳеҷ мавриди олудагии он ба ягон вирус ошкор нашудааст. Вай гуфт, ҳар дафъа онҳо аз назорати фитосанитарии посгоҳҳои марзӣ ва гумрукот мавриди арзёбӣ қарор мегиранд.

Вируси хатарнок

Дар бораи вуруди тобамовирус е вируси чиндори бурранги помидор (ToBRFV) ба Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ суҳбатҳо мешавад, аммо далелу асноде пеш оварда намешавад.
Коршиносон мегӯянд, ин навъи тобамовирус асосан тариқи тухмиҳои хориҷии помидор ворид мешавад, ки воридоти онҳо ба Тоҷикистон хеле кам аст, чун гулхонаҳо дар кишвар ҳанӯз рӯ ба афзоиш ҳастанд.
Аммо Аслиддин Ҷумъаев, номзади улуми биологӣ, мегӯяд, хатари ин вирусро набояд нодида гирифт, зеро он на фақат помидор, балки қаламфур, картошка, боқулаҷон, бодиринг ва дигар сабзавотро низ олуда кунад.
Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочей группой поля с плодовыми деревьями - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Хунук зад: дар Суғд боришоти барф, 27 ҳазор гектор зардолузорро сиёҳ кардааст
“Дар ҳоли ҳозир, васоили муҳофизати муассир аз ин вирус дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Аз ин хотир, маслиҳат ин аст, ки назорати фитосанитарии вуруди тухмиҳои ин анвоъи сабзавот ташдид ёбад ва дар ҳоли кашф шудани онҳо дар гулхонаҳо бояд зуд барои нобудиашон даст ба кор шуд. Ҳамоно беҳтарин роҳ ин аст, ки аз тухмиҳои ватанӣ кор гирифта шавад ва ҳам сари навъҳои нави тухмиҳо кор кард”, - гуфт коршинос.
Тобамовирус ё вируси чиндори бурранги помидор (ToBRFV) бори аввал соли 2014 дар Исроил кашф шуда, қаблан аз мавориди зуҳури он дар Аврупо, Шарқи Наздик ва Амрикои Шимолӣ низ гузориш шуда буд.
Зуҳури он дар Осиёи Марказӣ ба тирамоҳи соли гузашта бармегардад ва таҳқиқоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон собит хоҳад кард, ки пойи он ба ин кишвар низ расидааст ё хайр.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала