“Қабри модари Ғафуров куҷост?” - шанбегӣ дар қабристони русии Душанбе - акс

© SputnikҚабри Розия Озод, модари Бобоҷон Ғафуров
Қабри Розия Озод, модари Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” бо баргузории як шанбегӣ даҳҳо қабр дар оромгоҳи русии шаҳри Душанберо поку тамиз кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ғафур Шерматов, поягузор ва раҳбари ин гурӯҳ, дар расми ифтитоҳияи ин шанбегӣ, гуфт, ин соли 12 аст, ки чунин чорабинӣ дар гулгашти шараф ба манзури ёдбуд аз падарон, поягузорони ҳукумати шӯравӣ, созандагони Тоҷикистони навин, онҳое, ки илми кишварро ба по рост карданд ва аз худ як Тоҷикистони ғаниву Душанбеи ғаниро ба мерос гузоштанд, баргузор мешавад.
“Одамон сол ба сол ба ҳифзи мероси маънавии мо алоқаи бештар нишон медиҳанд. Мероси маънавии ҷанг, сохтмон, санъат ва ғайра, зеро намешавад бидуни онҳо ба оянда дид. Гузашта имрӯзи моро ҳифз ва моро ба оянда раҳнамоӣ мекунад”, - гуфт Ғафур Шерматов.
Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, бо ишора ба солгарди 80-уми шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 76 – солагии Ғалаба бар фашизм аз кори 12 –солаи гуруҳи низомӣ – ҷустуҷӯии “Хотира – 201” тавсиф карда, гуфт, натиҷаи ин фаъолиятҳо таваҷҷуҳи сол ба сол афзояндаи мардум ба кори ин гуруҳ аст.
“Ин ҷо ки ин анбуҳи инсонҳоро мебинам, бароям ғайримунтазира аст. Муҳим ин аст, ки пойбинои одамон, мубтакирон, фаъолон, ризокороне, ки ҳар сол ин ҷо меоянд, то қарзи инсонии худро иҷро кунанд ва бобову падаронро ба ёд оранд, шакл гирифтааст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.
Дар шанбегӣ собиқадорони ҷанг ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2020
Шанбегии собиқадорони ҷанг дар гӯристон-акс
Шанбегие, ки ҳамасола Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ба хотири рӯбучин ва поку тамиз кардани қабрҳо дар оромгоҳи русии шаҳри Душанбе ташкил мекунад, имсол бо ширкати кормандони сафорат, низомиёни пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ҷанговарони башардӯст, ризокорон ва сокинони шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Оромгоҳ – таърихи зинда

Дар қатори афроде, ки ба шанбегӣ омада буданд, гурӯҳи ҷавонон ва наврасон низ дида мешуданд. Яке аз онҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бори аввал дар чунин маъракае ширкат мекунад ва зоҳиран кори хеле хубе кардааст.
“Маро ҳамсинфам исрор кард ва омадам. Ҳоло мебинам, ки ин ҷо на фақат оромгоҳ, балки як осорхонаи воқеан зинда аст”, - гуфт ӯ.
© Sputnik/ Амир Исаев

Суханронии Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳангоми оғози шанбегӣ дар ромгоҳи русии шаҳри Душанбе

Суханронии  Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳангоми оғози шанбегӣ дар ромгоҳи русии шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/9

Суханронии Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳангоми оғози шанбегӣ дар ромгоҳи русии шаҳри Душанбе

© Sputnik/ Амир Исаев“Ин ҷо ки ин анбуҳи инсонҳоро мебинам, бароям ғайримунтазира аст. Муҳим ин аст, ки пойбинои одамон, мубтакирон, фаъолон, ризокороне, ки ҳар сол ин ҷо меоянд, то қарзи инсонии худро иҷро кунанд ва бобову падаронро ба ёд оранд, шакл гирифтааст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов
Сафири  Русия дар Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи шанбегӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/9
“Ин ҷо ки ин анбуҳи инсонҳоро мебинам, бароям ғайримунтазира аст. Муҳим ин аст, ки пойбинои одамон, мубтакирон, фаъолон, ризокороне, ки ҳар сол ин ҷо меоянд, то қарзи инсонии худро иҷро кунанд ва бобову падаронро ба ёд оранд, шакл гирифтааст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов
© Sputnik/ Амир ИсаевШанбегии имсола бо ширкати Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ва ихтиёриёни зиёде сурат гирифт
Гурӯҳи ихтиёриён дар шанбегӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Шанбегии имсола бо ширкати Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ва ихтиёриёни зиёде сурат гирифт
© Sputnik/ Амир ИсаевШанбегие, ки ҳамасола Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ба хотири рӯбучин ва поку тамиз кардани қабрҳо дар оромгоҳи русии шаҳри Душанбе ташкил мекунад, имсол бо ширкати кормандони сафорат, низомиёни пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ҷанговарони башардӯст, ризокорон ва сокинони шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Низомиён, ихтиёриён ва кормандони сафорат дар тозакории оромгоҳ. - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Шанбегие, ки ҳамасола Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ба хотири рӯбучин ва поку тамиз кардани қабрҳо дар оромгоҳи русии шаҳри Душанбе ташкил мекунад, имсол бо ширкати кормандони сафорат, низомиёни пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ҷанговарони башардӯст, ризокорон ва сокинони шаҳри Душанбе баргузор шуд.
© Sputnik/ Амир Исаев“Одамон сол ба сол ба ҳифзи мероси маънавии мо алоқаи бештар нишон медиҳанд. Мероси маънавии ҷанг, сохтмон, санъат ва ғайра, зеро намешавад бидуни онҳо ба оянда дид. Гузашта имрӯзи моро ҳифз ва моро ба оянда раҳнамоӣ мекунад”, - гуфт Ғафур Шерматов.
Оромгоҳи афсаре дар оромгоҳи русии ш Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
5/9
“Одамон сол ба сол ба ҳифзи мероси маънавии мо алоқаи бештар нишон медиҳанд. Мероси маънавии ҷанг, сохтмон, санъат ва ғайра, зеро намешавад бидуни онҳо ба оянда дид. Гузашта имрӯзи моро ҳифз ва моро ба оянда раҳнамоӣ мекунад”, - гуфт Ғафур Шерматов.
© Sputnik/ Амир ИсаевИхтиёрие қабрро аз алафҳо тоза мегардонад
Ихтиёрие қабрро аз алафҳо тоза мегардонад - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Ихтиёрие қабрро аз алафҳо тоза мегардонад
© Sputnik/ Амир ИсаевДар баробари мардон дар тамизгардонии оромгоҳҳо занон низ фаъолона ширкат доранд.
Дар баробари мардон дар тамизгардонии оромгоҳҳо занон низ фаъолона ширкат доранд. - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Дар баробари мардон дар тамизгардонии оромгоҳҳо занон низ фаъолона ширкат доранд.
© Sputnik/ Амир ИсаевГуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” бо баргузории як шанбегӣ даҳҳо қабр дар оромгоҳи русии шаҳри Душанберо поку тамиз кард
Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” бо баргузории як шанбегӣ даҳҳо қабр дар оромгоҳи русии шаҳри Душанберо поку тамиз кард - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” бо баргузории як шанбегӣ даҳҳо қабр дар оромгоҳи русии шаҳри Душанберо поку тамиз кард
© Sputnik/ Амир ИсаевБа гуфти Ғафур Шерматов, поягузор ва раҳбари гурӯҳи “Хотира – 201” чунин иқдом 12 сола аст, ки идома дорад
Ба гуфти Ғафур Шерматов, поягузор ва раҳбари гурӯҳи “Хотира – 201” чунин иқдом 12 сола аст, ки идома дорад - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Ба гуфти Ғафур Шерматов, поягузор ва раҳбари гурӯҳи “Хотира – 201” чунин иқдом 12 сола аст, ки идома дорад
1/9

Суханронии Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳангоми оғози шанбегӣ дар ромгоҳи русии шаҳри Душанбе

2/9
“Ин ҷо ки ин анбуҳи инсонҳоро мебинам, бароям ғайримунтазира аст. Муҳим ин аст, ки пойбинои одамон, мубтакирон, фаъолон, ризокороне, ки ҳар сол ин ҷо меоянд, то қарзи инсонии худро иҷро кунанд ва бобову падаронро ба ёд оранд, шакл гирифтааст”, - гуфт Игор Лякин – Фролов
3/9
Шанбегии имсола бо ширкати Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ва ихтиёриёни зиёде сурат гирифт
4/9
Шанбегие, ки ҳамасола Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” ба хотири рӯбучин ва поку тамиз кардани қабрҳо дар оромгоҳи русии шаҳри Душанбе ташкил мекунад, имсол бо ширкати кормандони сафорат, низомиёни пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ҷанговарони башардӯст, ризокорон ва сокинони шаҳри Душанбе баргузор шуд.
5/9
“Одамон сол ба сол ба ҳифзи мероси маънавии мо алоқаи бештар нишон медиҳанд. Мероси маънавии ҷанг, сохтмон, санъат ва ғайра, зеро намешавад бидуни онҳо ба оянда дид. Гузашта имрӯзи моро ҳифз ва моро ба оянда раҳнамоӣ мекунад”, - гуфт Ғафур Шерматов.
6/9
Ихтиёрие қабрро аз алафҳо тоза мегардонад
7/9
Дар баробари мардон дар тамизгардонии оромгоҳҳо занон низ фаъолона ширкат доранд.
8/9
Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” бо баргузории як шанбегӣ даҳҳо қабр дар оромгоҳи русии шаҳри Душанберо поку тамиз кард
9/9
Ба гуфти Ғафур Шерматов, поягузор ва раҳбари гурӯҳи “Хотира – 201” чунин иқдом 12 сола аст, ки идома дорад
Ҳамсӯҳбати мо ва дигар афроде, ки бори аввал ба оромгоҳи русии шаҳри Душанбе омадаанд, воқеан ба як таърихи зинда рӯ ба рӯ шуданд, балки онро ламс карданд ва диданд, ки ин ҷо чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон сар ба болини абадият гузоштаанд.
Ба гунаи мисол, ин ҷо генерал – лейтенант Александр Чудесов, озодкунандаи шаҳри Клин, Леонид Парадоксов, аввалин духтури Тоҷикистони Шӯравӣ, академик Сороҷон Юсупова (1910-1966), аввалин доктори илмҳо аз ҷумлаи занон, Александр Соловёв, аввалин директори Институти астрофизикаи Тоҷикистон, академик Александр Семёнов (1873-1958), аз бунёнгузорони таърихнигории Тоҷикистон, Вагаршак Карамов (1900 – 1956), касе, ки ба Душанбе роҳи оҳанро овард ва даҳҳо нафари дигар ба хоби абад рафтаанд.

Тоҷикони оромгоҳи русӣ

Дар оромгоҳи русии шаҳри Душанбе чеҳраҳои маъруфи тоҷик низ макони охирати худро пайдо кардаанд. Яке аз масъулини ин оромгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар оғози замони Шӯравӣ то солҳои 80 – уми асри гузашта ин оромгоҳ барои тамоми сокинони шаҳр буд.
“Пас аз ҳамон солҳо ба оромгоҳи русӣ мусаммо шуд, аммо қабл аз он, фарқ намекард, ки кӣ ин ҷо дафн мешуд”, - гуфт ӯ.
Ба тахмини ин масъул, теъдоди русҳое, ки дар ин қабристон хок шуддаанд, ба 1,5 миллион нафар мерасад.
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Эрон оромгоҳи Абурайҳони Беруниро дар Афғонистон бозсозӣ мекунад
Ба ҳамин минвол, дар ин оромгоҳ шахсиятҳои маъруфи илму санъат, сиёсат ва адаби тоҷик, Комил Тоҷиев, Султон Умаров, Ҳабибулло Назаров, Муҳаммадҷон Қосимов, Носирҷон Маъсумӣ, Мунаввар Шогадоев, Пӯлод Толис, Аловаддин Баҳоваддинов ва дигарон хок шудаанд.
Ғафур Шерматов мегӯяд, ду соли пеш дар ин гӯристон Гуруҳи “Хотира – 201” қабри Розия Озод – Ғафурова (1893-1957), модари Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони миллии Тоҷикистонро кашф карданд, ки барои ҳама як кашфиёт буд.
“Ман шахсан 12 сол боз ин ҷо машғули обод кардани қабристонам, аммо ҳамин ду соли пеш қабри он касро кашф кардам. Зоҳиран, қабр дар панҷаи гиёҳу растаниҳои ваҳшии оромгоҳ буд. Мо он ҳамаро тоза карда, берун кашидем ва ҳар сол ин корро мекунем”, - гуфт роҳбари Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201”.
Аммо дар ин ҳама шояд ҳузнангезтарин қисса ошкор шудани қабри ҷамъии сарбозони гумном бошад, ки аз сӯи Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201” кашф шудааст.
Ғафур Шерматов мегӯяд, инҳо он сарбозонеанд, ки замони Ҷанги бузурги ватанӣ беҳушу беёд ё шадидан захмӣ ба шифохонаҳои ҳарбии Душанбе бо қаторҳо оварда мешуданд.
Ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи Лучоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2020
Хотири бузургон: дар оромгоҳи Лучоб 400 ниҳол шинониданд
“Иддае ба худ намеомаданд, то аз онҳо ному насабу ватаншон суроғ шавад ва ҳамон гуна гумном бо ҳаёт падруд мегуфтанд. Ҳамин тавр, маълум нест, ки онҳо кистанд. Он чӣ ҷолиб аст, вақте қабри онҳоро боз кардем, мӯйҳои сари онҳоро дидем, ки аслан дасти беш аз 70 соли гузашта ба онҳо кора накарда, ҳамон гуна зарду сиёҳ чун дар ҷавонӣ ҳифз шудаанд”, - гуфт Ғафур Шерматов.
Оромгоҳи русии Душанбе ривоятҳои зиёде дорад, ки ба бовари раиси Гуруҳи низомӣ-ҷустуҷӯии “Хотира – 201”, ҳанӯз кашфу гуфта нашудаанд, аммо он чӣ дар ин ҳама корҳо аз ҳама муҳим аст, поси эҳтироми гузаштаву гузаштагон аст, ки ҳамеша инсони имрӯзиро ба сӯи оянда таъқиб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала