Роскомнадзор YouTube-ро дар сензураи расонаҳои Русия айбдор кард

CC BY-SA 2.0 / Rego Korosi / YouTube logoЛоготип Youtube, архивное фото
Логотип Youtube, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Видеоҳо аз ҷониби YouTube масдуд мешаванд, "ба тамошобинони видеохостинг мавқееро мерасонанд, ки аз мавқеи Ғарб фарқкунанда мебошад”, изҳор дошт ин ниҳод
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Роскомнадзор аз сензураи мунтазами маъмурияти YouTube дар робита ба матолибе гуфт, ки дар саҳифаҳои ВАО-и Русия дар ин шабака нашр карда мешавад. Маҳдудиятҳо бо баҳонаи номувофиқӣ бо гуруҳи синну сол роҳандозӣ мегарданд, хабар дод Интерфакс.
"Ба филмҳое, ки тавассути каналҳои федералии Русия пахш шудаанд ва маҳдудияти синну солро дар бар намегиранд, ба гуфтаи маъмурияти YouTube, танҳо тамошобинони калонсол метавонанд дастрасӣ пайдо кунанд. Бисёре аз видеоҳо пас аз бақайдгирӣ ё розигии иловагӣ барои дидани муҳтаво барои калонсолон пешниҳод карда мешаванд", - иттилоъ дод Роскомнадзор дар посух ба дархости агентӣ.
Дар ин ниҳод боварӣ доранд, видеоҳо аз ҷониби YouTube масдуд мешаванд, "ба тамошобинони видеохостинг мавқееро мерасонанд, ки аз мавқеи Ғарб фарқкунанда мебошад".
Логотип международного информационного бренда Sputnik  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2020
 Назари эстониҳо: боздошти фаъолияти Sputnik Эстония – сензура аст
"Видеоҳое, ки дар бораи саҳми таърихии Русия дар ғалаба бар фашизм, дар бораи рӯйдодҳои фоҷиабори Беслан ҳақиқатро баён мекунанд, бо баҳонаҳое манъ мешаванд. Аз ҷониби YouTube баста шудани пахши паёми Президенти Русия дар саҳифаи расмии НТВ иштибоҳи тасодуфӣ хонда шуд", - изҳор дошт ин ниҳод.
Тибқи гузориши РКН, дар соли 2020 YouTube дастрасӣ ба саҳифаҳои расонаҳои Русияро 9 маротиба ва се маротиба ба матолиби онҳо маҳдуд кард ва дар чор моҳи соли 2021 се саҳифа ва панҷ мавод аз расонаҳои Русияро масдуд карданд. Маҳдудиятҳо асосан ба саҳифаҳои расмии НТВ, Россия 24, ТВТС, Russia Today ва Sputnik рабт гирифтаанд.
"Инчунин, YouTube барои видеоҳое, ки дорои суруди миллии Федератсияи Русия мебошанд, маҳдудиятҳо ҷорӣ карда, ин амалро ба ҳуқуқи муаллифӣ рабт додааст, ки гӯё ба хориҷиён тааллуқ доранд", - афзуд РКН.
Ин ниҳод зикр намуд, ки аз аввали соли 2020 онҳо ба маъмурияти видеохостинг 29 мактуб фиристода, талаб карданд, ки маҳдудиятҳо дар ВАО-и Русия бекор карда шаванд ва аксарияти онҳо беҷавоб монданд.
Дар баробари ин Роскомнадзор изҳор медорад, ки YouTube қариб 6 ҳазор маводро, ки фарогири порнографияи кӯдакон, даъват ба ифротгароӣ, маводи мухаддиротӣ, худкушӣ ва дигар маълумоти хатарноки иҷтимоиро аз миёни беш аз 71 ҳазоре, ки аз ҷониби ин ниҳод аз соли 2012 то ҳол муайян карда шудаанд, лағв накардааст.
Қаблан барои аз натиҷаҳои ҷустуҷӯ хориҷ накардани манбаъҳои интернетӣ бо маълумоти мамнӯъ Google се маротиба ҷарима карда шуд, ки андозаи он 700 ҳазор рубл, 1,5 миллион рубл ва 3 миллион рублро ташкил дод.
Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2020
Сензура не, ин фарҳанг аст: суруду клипҳои “пуч” дигар ба ТВ роҳ дода намешаванд
Пештар дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Коммерсантъ” директори YouTube оид ба робита бо мақомоти Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна Марко Панчини гуфта буд, ки видеохостинг дастрасиро махсус ба маводи расонаҳои Русия, алахусус канали RT маҳдуд намекунад. Ин шабака қаблан аз мушкили марбути филмҳои ватанӣ, аз қабили "Беслан" -и Александр Рогаткин шикоят карда буд.
"Барои он ки видеоҳо намоиш дода шаванд ё шомили тренд гарданд, онҳо бояд ба меъёрҳои объективӣ ҷавобгӯ бошанд", - гуфт ӯ ва зикр намуд, ки алгоритмҳои YouTube афзалиятҳои корбаронро ба назар мегиранд. Аз ин рӯ RT ба мисли дигар ширкатҳои байналмилалии ВАО барои тамошобин рақобат мекунад.
"Ҳеҷ гуна ғараз ё сензура аз ҷониби YouTube вуҷуд надорад. Мо ба ин масъалаҳо ҷиддӣ муносибат мекунем. Мо мундариҷаи фарҳангӣ-таърихиро эҳтиром мекунем ва қадр мекунем ва агар дар видео бошад, онро ба назар мегирем. Аммо мо дар назди тамошобинони ҷавон низ масъул ҳастем. Мо ин гуна видеоҳоро бодиққат меомӯзем ва дар аввали видео дар бораи кадрҳое огоҳӣ медиҳем, ки метавонанд баъзе тамошобинонро шокӣ кунанд", - гуфт Панчини ва илова кард, ки" YouTube дар тамоми ҷаҳон ҳамин тавр кор мекунад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала